Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иброҳим Мирзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳим Мирзо
Таваллуд 26 августи 1394[1]
Даргузашт 3 майи 1435 (40 сол)
Падар Шоҳрух[d]
Фарзандон Абдулло Мирзо[2]
Дин ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иброҳим Мирзо ибни Шоҳрух Мирзо (26 августи 1394[1]3 майи 1435, Шероз) — шоҳзодаи донишдӯст ва ҳунарманди Темурӣ, дувумин писари Шоҳрух. Вай аз сиёсатмдорон, ҳомиёни бузурги ҳунар, меъморӣ ва фарҳанг ва ҳамчунин аз ҳунармандони матраҳ ва хушнависони тирози аввали аҳди худ бавежа дар хатти сулс ва муҳаққиқ ба шумор меравад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз авлоди Темуриёни Ҳинд. Дар машқи хат аз хаттоти машҳури давр, олим ва муаррихи ҳамадонӣ Шарафуддин Алии Яздӣ таълим гирифтааст. Дар навиштани шаш навъи хат шуҳрат ёфта, сараввал ба тақлиди хатти Ёқути Мустаъсимӣ пардохт, баъдтар дар катибаи хутути тазйинӣ бартарӣ ёфтааст. Намунаи катибаҳои ӯ ёдгориҳои меъмории биноҳои қадимии Шерозро зеб медиҳанд[3].

  1. 1 2 https://iranicaonline.org/articles/ebrahim-soltan
  2. https://iranicaonline.org/articles/abdallah-b-ebrahim-timurid-khan-k-1451
  3. Иброҳим Мирзо / С. Султонов // Замин — Илля. Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). ISBN 978-99947-33-89-9.