Jump to content

Иброҳим ибни Синон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳим ибни Синон
ар. ابراهیم بن سنان
Таърихи таваллуд 908
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 946
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҳандаса

Абӯисҳоқ ибни Синон ибни Собит ибни Қурраи Ҳарронии Собӣ (908, Бағдод, Хилофати Аббосиён946, Бағдод, Хилофати Аббосиён) — пизишк, файласуф, риёзидон ва ахтаршиноси форс-тоҷик, муаллифи «Қатъу-л-махруту-л-мукофӣ», «ал-Мақола фӣ расми-л-қутуъи-с-салоса», «Олоту-л-азлол» ва «Китоб фӣ ҳаракоти-ш-шамс».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар хусуси аҳволи зиндагии Иброҳим ибни Синон маълумоти кофӣ нест. Бино ба ахбори сарчашмаҳо дар Бағдод таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо улуми замонаашро омӯхтааст. Падараш Синон ибни Собит ва бобояш Собит ибни Қурра аз ҷумлаи табибони шинохтаи замони хеш буданд Иброҳим ибни Синон нахуст пеши падар ва сипас назди устодони дигар илми тибро аз бар кардааст. Дар овони ҷавонӣ ҳамчун табиб соҳиби шӯҳрат гашт ва назди халифа обрӯ ёфт. Шоҳиди ин сухан ахбори «Луғатнома» аст, ки мегӯяд: «Вақте Мустакфӣ Биллоҳ-халифа ӯро маъмур кард, то тамоми атиббои Бағдодро имтиҳон кунад ва он кас, ки нолоиқ аст, аз табобат мамнӯъ гардад. Иброҳим пас аз имтиҳон аз ифшои рози онон сар боззад ва халифа ин амал ба Абӯсаиди Ямонӣ, ки ҳам аз бузургони атиббои он аср буд, вогузор кард». Бино ба маълумоти «Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ» Иброҳим ибни Синон 37 сол ва ба қавли «Луғатнома»-и Деҳхудо 39 — 40 ё 41 сол умр дидааст.

  • Деҳхудо. Луғатнома, ҷ. 2, Теҳрон, 1325;
  • Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 2, Теҳрон, 1374;
  • Донишномаи сомониён, ҷ. 1, Хуҷанд, 2008.