Jump to content

Иброҳим Ҳаққии Арзурумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Иброҳим Ҳаққии Арзрумӣ)
Иброҳим Ҳаққии Арзурумӣ
араб. усм. ارضروملى ابراهيم حقِّى
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ахтаршинос, файласуф, шоир, нависанда, физикдон, пизишк, равоншинос, ҷомеашинос
Таърихи таваллуд: 18 май 1703(1703-05-18)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 22 июн 1780(1780-06-22) (77 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: ахтаршиносӣ, физик, равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Иброҳим Ҳаққии Арзурумӣ (форсӣ: ابراهیم حقی ارزرومی‎; 18 май 1703, Вилояти Ерзурум22 июн 1780, Сиирт) — шоир, ориф, файласуф, ҷомеашинос ва донишманди турк.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш аз орифони маъруфи Арзурум буд. Таҳсилоти муқаддамотиро дар Арзрум фаро гирифта, дар 9-солагӣ ба деҳаи Тило рафт ва он ҷо ба ҳалқаи шогирдони Исмоил Ҳақируллоҳ пайваст. Муддате баъд ба Арзрум баргашта, аз шоир ва муфтии номдори замон Ҳозиқ Муҳаммад забонҳои форсӣ ва арабиро омӯхт. Сипас ба деҳаи Тило бозгашт ва пас аз фавти Исмоил Фақируллоҳ ба унвони халифаи вай ба иршоди мардум ва таҳқиқу таълифи осори илмӣ пардохт. Иброҳим Ҳаққии Арзурумӣ соли 1737 барои адои ҳаҷ ба Ҳиҷоз сафар кард. Соли 1753 бо даъвати подшоҳи усмонӣ Султон Муҳаммад (ҳукмронӣ 1730−1755) ба Истанбул омад ва дар китобхонаи «Ҳумоюн»-и он ҷо ба мутолиаву такмили дониш машғул шуд. Баъдҳо ду бори дигар (солҳои 1743 ва 1747) ба ҳаҷ рафт ва дар Мисру Арабистон бо донишмандону уламо мулоқот кард. Иброҳим Ҳаққии Арзурумӣ дар улуми мухталиф, аз ҷумла ҳайат, ҷомеашиносӣ, риёзиёт, тиб, ахлоқиёт ва фарҳанги исломӣ соҳибназар буд.

Муҳимтарин асари Иброҳим Ҳаққии Арзурумӣ «Маърифатнома» буда, он як навъи доиратулмаориф ба забони туркӣ аст. Дар муқаддимаи китоб муаллиф мавзӯъҳои Ҷаҳон, Биҳишт, Дӯзах, Барзах, Осмон, Замин ва чигунагии таквини онҳоро мутобиқи эътиқоди исломӣ матраҳ кардааст. Дар фанни якум доир ба масъалаҳои ҷаҳони моддӣ, сайёраҳо, манзумаи шамсӣ, кусуф, хусуф, дарёҳо, кӯҳҳо, рӯдхонаҳо ва ғ. сухан рафтааст. Фанни дуввум роҷеъ ба инсон, ҳавосси панҷгона, вазифаҳои узвҳо, бемориҳо ва масоили таббӣ баҳс мекунад. Фанни севвум муфассалтарин бахши китоб буда, дар он ба баҳсҳо дар боби тасаввуф, марҳалаҳо ва мақомоти соликон, зикр, таваккул, тафвиз, сабр, ризо, дараҷаҳои нафс (мулҳама, мутмаинна, розия, марзийя, комила) ва ғ. пардохтааст. Фанни мазкур фарогири фасле дар бораи зиндагӣ ва каромоти шайх Исмоил Фақируллоҳ ва падари муаллиф (Дарвеш Усмон) аст. Дар хотимаи китоб чигунагии робитаҳои иҷтимоӣ, рафтор бо дигарон, робитаҳои хонаводагӣ ва амсоли ин гуна мавзӯъҳо баррасӣ шудаанд.

«Девони илоҳиёт», «Тазкирату-л-аҳбоб», «Ҳисну-л-орифин», «Калимоти Фақируллоҳ», «Ирфония», «Рознома», «Иқболнома», «Туҳфату-л-киром», «Инсони комил», «Мунтахаботи манзума» (бахши бузурге аз он ба забони форсӣ аст) ва «Ҳайъати исломия» аз ҷумлаи осори дигари ӯ мебошанд.