Jump to content

Ивано-Франкивск

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Ивано-Франкивск
укр. Івано-Франківськ
Парчам[d] Нишон[d]
Парчам[d] Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Ruslan Martsinkiv[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1662
Аввалин номбарӣ 1662
Масоҳат
  • 119 км²
Баландии марказ 244 м
Минтақаи замонӣ UTC+02:00 ва UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0 342
Нишонаи почта 76000–76490
Коди мошин AT
mvk.if.ua
mrada.if.ua
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ивано-Франкивск (укр. Іва́но-Франкі́вськ; то соли 1939 — Станиславов[2][3]; то соли 1962 — Станислав) — шаҳр, маркази маъмурии вилояти Ивано-Франкивск, маркази иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ғарби Укройн, дар доманаи кӯҳҳои Карпат ҷойгир аст. Аҳолиаш 246 ҳазор нафар (2018). Истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Дар нимаи дуввуми асри 17 ҳамчун нуқтаи истеҳкоми Лаҳистон дар ҷои д. Заболоте таъсис ёфтааст. Шаҳр соли 1662 бо номи Станислав бунёд гардида, ба он гетмани бузург Станислав Потоский (роҳбари сипоҳиёни лаҳистонӣ) ҳуқуқи Магдебург (маҷмӯи имтиёзоти шаҳрӣ) дод. Шаҳр ба ифтихори ӯ — Станиславов номгузорӣ шуд. Соли 1772 дар ҳайати Галитсия ба империяи Габсбургҳо тааллуқ гирифт. Соли 1801 ҳукумати Австрия Станиславовро аз оилаи Пототскийҳо харид; шаҳр расман номи олмонии Станислау (Stanialau)-ро гирифт. Соли 1866 дар шаҳр р. о. бунёд гардид. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ се дафъа аз тарафи лашкариёни рус забт гардид (1914, 1915 ва 1916). Баъди пошхӯрии иттиҳоди Австро-Венгрия ноябри 1919 ба ҳайати Ҷумҳурии халқии Укройни Ғарбӣ дохил шуд ва моҳи майи 1919 пойтахти он эълон гардид; яке аз марказҳои ҳаракати миллии украинии зиддилаҳистонӣ шуд. Аз соли 1939 ба ҳайати ИҶШС дохил шуда, Станислав ном гирифт ва маркази маъмурии вил. Станислави ҶШС Укройн гардид. Дар оғози ҶБВ (2.7.1941) Ивано-Франкивск-ро сипоҳиёни Маҷористон (Венгрия) истило карданд. 26.7.1941 таҳти идораи маъмурияти ишғолгари Олмон қарор гирифт. Дар давраи забткориҳо дар шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он неруҳои гуногуни сиёсӣ амалиёти ҷангӣ мебурданд. Дар натиҷаи муқовимат миёни ин неруҳо ва амалиёти «тозакунӣ»-и олмониҳо дар Ивано-Франкивск ва навоҳии атрофи он, миёни аҳолии осоиштаи рус, маҷорӣ ва украиниҳо махсусан бештар яҳудиҳо (28,5 ҳазор нафар аз 30 ҳазор сокини шаҳр) кушта шуд. 27.7.1944 Ивано-Франкивск аз тарафи Артиши Шӯравӣ озод гардид. Соли 1962 ба ифтихори адиби украинӣ И. Я. Франко номгузорӣ шуд.

Дар Ивано-Франкивск донишгоҳҳо, осорхонаҳои кишваршиносӣ ва таърихӣ, Театри мусиқӣ-драмавии ба номи И. Франко (1939), Театри лӯхтаки ба номи М. Подгорянка (1945) мавҷуданд. Ивано-Франкивск маркази муҳимми саноатии Укройн буда, соҳаҳои саноати сабук (корхонаҳои истеҳсоли чарм, пойафзор, нассоҷӣ), хӯрокворӣ (з-ди шаробпазӣ, комб. гӯшт), чӯбгарӣ (ф-каи мебелсозӣ), мошинасозӣ ва коркарди филиззот рушд кардааст. Дар Ивано-Франкивск тракторҳои хурди «Пикарпатец» ва таҷҳизоти кишоварзӣ (з-ди «Агромаш»), ҳисобкунакҳои газӣ («Промприбор») ва лӯлаҳои интиқоли газ истеҳсол мешаванд. Аз ёдгориҳои меъморӣ калисои католикии полякҳо (костёл, 1672) ва димнаи қалъаҳо боқӣ мондаанд.