Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иван Виноградов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Виноградов
русӣ: Иван Матвеевич Виноградов
Таърихи таваллуд 2 (14) сентябри 1891[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 марти 1983(1983-03-20)[2][4][5][…] (91 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ назарияи ададҳо[d], риёзиёт[7][6] ва algebraic number theory[d][7]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d], доктори илмҳои физика ва метематика[d] ва магистр[4] (1915)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ J. V. Uspensky[d][12]
Ҷоизаҳо

Виноградов Иван Матвеевич (14.9.1891, вилояти Псков, Русия — 20.3.1983, Маскав) — риёзидони рус, академики АИ ИҶШС (1929), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945, 1971).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Петербург (1914). Солҳои 1918-20 дар Донишгоҳи Перм кор мекард (аз соли 1920 проф.), 1930-34 проф. Донишгоҳи Ленинград ва Институти политехникии Ленинград. Аз соли 1932 директори Институти математикаи ба номи В. А. Стеклови АИ ИҶШС. Таҳқиқоти В. дар бораи назарияи таҳлилии ададҳо мебошад. Чандин усули наверо ба вуҷуд оварда, бо ёрии онҳо баъзе муаммоҳоеро ҳал кард, ки дар оғози асри 20 барои математикон ҳалнашаванда маҳсуб мешуданд. Ӯ, аз ҷумла, бо баҳодиҳии суммаҳои тригонометрӣ аксари муаммоҳои назарияи ададҳоро ҳал кард ва натиҷаҳое ба даст овард (1934-35), ки ба натиҷаҳои ҳудудии масъалаҳои классикӣ, ба монанди муаммои Варинг, муаммои Ҳилберт-Камке, муаммои баҳодиҳии суммаи Вейл наздиканд. В. яке аз ду муаммои ҳалнашавандаи Голдбахро барои ба намуди суммаи се адади сода иваз кардани адади тоқ ҳал кард (1935-37). В. узви бисёр академия ва ҷамъиятҳои илмии ҷаҳон буд. Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1972), Мукофоти давлатии ИҶШС (1941, 1983). Бо 6 ордени Ленин ва ордени Револютсияи Октябр сарфароз гардидааст.

  1. http://www.mi.ras.ru/index.php?c=inmemoriapage&id=26537&l=1
  2. 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 1 2 3 4 Математический энциклопедический словарь (рус.) / под ред. Ю. В. ПрохоровМ.: Большая российская энциклопедия, 1988. — С. 677. — 847 с. — 150000 экз. — ISBN 5-85270-278-1
  4. 1 2 Архив по истории математики Мактьютор — 1995.
  5. http://www.britannica.com/EBchecked/topic/629518/Ivan-Matveyevich-Vinogradov
  6. 1 2 Виноградов, Иван Матвеевич (рус.) // Вильом — Водемон — 1930. — Т. 11. — С. 114.
  7. 1 2 База данных Национальной библиотеки Чешской Республики
  8. 1 2 3 http://www.mi-ras.ru/index.php?c=inmemoriapage&id=26537&l=1
  9. Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.)СПб.: Гуманистика. — Т. 4. — С. 182—183.
  10. 1 2 3 Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.)СПб.: Гуманистика. — Т. 4. — С. 183.
  11. Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.)СПб.: Гуманистика. — Т. 4. — С. 182.
  12. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.