Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Игор Губин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Игор Губин
Таърихи таваллуд 18 апрели (1 майи) 1906
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 июли 2001(2001-07-15) (95 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ заминшиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ»

Губин Игор Евгеневич (русӣ: Игорь Евгеньевич Губин; 18 апрели [1 майи] 1906, Санкт-Петербург[1] — 15 июли 2001, Маскав) — заминшиноси шӯравӣ, муҳаққиқи соҳаи сейсмотектоника. Доктори илмҳои геология ва минералогия (1960), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1966), узви вобастаи АИ ИҶШС (1976).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти кӯҳкории Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург, 1935). Солҳои 1938−1945 мудири бахши геологияи Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС, минбаъд Институти геологияи Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС буд. Асосан тектоника ва заминларзаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст. Игор Губин нахустин харитаҳои ноҳияҳои ҷанубӣ, шарқӣ ва ғарбии Тоҷикистонро тартиб дода, қисми ҷанубии Осиёи Марказиро ба ноҳияҳои тектоникӣ тақсим кардааст. Дар Тоҷикистон чандин минтақаи кафидаҳои бузурги тектоникиро муқаррар намуда, харитаҳои изосейстии 30 заминларзаи харобиоварро мураттаб сохта, сабабҳои геологии онҳоро шарҳ додааст. Игор Губин мувофиқати қонуни ҳодисаҳои геологию зилзилавиро ба назар гирифта, тарзи нави тартиб додани харитаҳои зилзилавиро пешниҳод кард, ки дар онҳо минтақаҳои зилзилавӣ мавқеи махсус доранд. Игор Губин солҳои 1966-1967 аз тарафи созмони ЮНЕСКО ҳамчун профессори Институти байналмилалии сейсмологии Токио дар Ҷопон, 1968—1969 ҳамчун мушовири ЮНЕСКО дар Ҳиндустон оид ба масъалаҳои тақсимоти сейсмологии ноҳияҳо фаъолият кардааст.

  1. 1 2 Губин Игорь Евгеньевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  • Закономерности сейсмических проявлений на территории Таджикистана. М., 1960;
  • Большая биографическая энциклопедия. М., 2009.