Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ид (ар. عید‎, ар. عود — бозгашт, руҷӯъ‎) — воқеа ва рӯйдоди муҳимму фараҳбахш ва сарнавиштсозу хотирмони таърихӣ дар ҳаёти ин ё он қавму миллат; рӯзи фархундае, ки дар он мардум хурсандӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои он чунин номгузорӣ шудааст, ки боиси боз омадани шодиву сурур ҳар сол дар он рӯз мегардад.

Дар ид дастовардҳои барҷастаи таърихиву фарҳангӣ, тасаввурот ва эътиқодоти мардум таҷассум ёфта, ба ҳукми анъана медарояд. Чунончи, дар аҳди шӯравӣ рӯзи 9-уми май ҳамчун иди ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941—1945 бо шукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешуд ва анъанаи таҷлили иди мазкурро баъзе собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ идома доданд. Дар собиқ ҶШС Тоҷикистон иди пахта ва иди ҳосилот низ баргузор мешуд.

Пайравони ҳар дину оин идҳои махсуси худро доранд. Аз ҷумла, иди мазҳабии асосии яҳудиён Шаббат ва бузургтарин иди православҳо Фасҳ аст. Мусулмонон 2 иди мазҳабӣ доранд: Иди Рамазон ва Иди Қурбон.

Дар истилоҳи орифон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ид дар истилоҳи орифон чизест, ки бар асари таҷаллии ҷамол то вақти таҷаллӣ бар қалб ворид мешавад, ба ҳар равише, ки таҷаллӣ намояд, хоҳ ҷалолӣ бошад, хоҳ ҷамолӣ. Пайравони тариқати нақшбандия ҳар сол баҳорон иди Гули сурхро баргузор мекарданд, аз ҷумла, дар назди оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд дар Бухоро.

Эй булбули хушнаво, фиғон кун!
Ид аст, навои ошиқон кун!
Чун сабза зи хок сар баровар,
Тарки дилу тарки бӯстон кун!

Аттор

Ид омаду ид омад в-он бахти саъид омад.
Баргиру дуҳул мезан, к-он моҳ падид омад.

Ҷалолуддини Балхӣ

Соқиё, омадани ид муборак бодат
В-он мавоид, ки кардӣ, маравад аз ёдат!

Ҳофиз

«Ва дар авқоти машҳура аъёд (идҳо) муқаррар фармуда, амр кард, то дар он аъёд ба адои салот қиём намоянд ва ҳангоми интиқоли Офтоб аз бурҷе ба бурҷе ва руъяти Ҳилол ва расидани кавокиби сайёра ба байти худ ё ба Бурҷи Шараф амр ба забоеҳу қурбониҳо фармудӣ».

Равзату-с-сафо

Вобаста ба таърих, хусусият ва моҳияташон идҳо гуногун мешаванд[1]:

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 264