Идҳои Тоҷикистон
Тоҷикон истиқболу ҷашн гирифтани идҳои миллиро дӯст медоранд. Тоҷикон аз қадим бо меҳмондории худ машҳур ҳастанд, бинобар ҳамин ҷашн гирифтани ҷашнвора ва идҳои миллӣ яке аз расмҳои таърихиву фарҳангии ин халқи форсинажод мебошад. Дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон чандин иду мароисмҳои фарҳангии ниёгони тоҷикон аз нав эҳё гардида бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешаванд.
Идҳои расмӣ дар Тоҷикистон[вироиш]
- 1 январ — Соли нави мелодӣ
- 8 март — Рӯзи модар
- 21 - 24 март — Иди байналмилалии Наврӯз
- 1 май — Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
- 9 май — Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар ҶБВ (1941-1945)
- 27 июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ
- 9 сентябр — Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 6 ноябр — Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Иди Рамазон - 1 рӯз- ҳар сол (мутобиқи тақвим)
- Иди Қурбон - 1 рӯз - ҳар сол (мутобиқи тақвим)
Дар рӯзҳои ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.
Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи rонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
Пайвандҳо[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод. 237; соли 1998, №10, мод.125, №23-24, мод. 338; соли 1999, №5, мод.76, №12, мод.308; соли 2002, №4, қ-1, мод.191, мод.194, мод.197; соли 2003, №4, мод.132, №8, мод. 449, №12, мод. 678; соли 2004, №5, мод. 350, №12, қ-1, мод. 697; соли 2005, №3, мод. 131, №12, мод. 658; соли 2008, №1, қ-2, мод. 9, №3, мод.188, №12, қ-1, мод. 988; соли 2009, №5, мод.319, №7-8, мод. 493, №11, мод. 698, мод. 699; соли 2010, №7, мод. 544, мод. 548.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |