Из

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Из (ар. ايز‎ — пай, асар, нақши чизе дар замин ё рӯи чизе) — дар пайшиносӣ инъикоси хусусиятҳои зоҳирии сохти объект, ки сарҳадди мустаҳками фазоии худро дошта, дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарӣ ба вуҷуд меояд ва ба ҳодисаи ҷиноят алоқаманд мебошад.

Из осори даст, пойи инсон ва ё ягон навъи ашё буда, имкон медиҳад дар бораи шакл ва ё таъйиноти он ҳакамӣ карда шавад. Изҳо метавонанд аз одамон, ашёи алоҳида ва ё бо таъсири неруҳои табиӣ ба вуҷуд оянд. Дар криминалистика (кайфаршиносӣ) из натиҷаи амал ва муносибатҳоест, ки бо ҳодисаи ҷиноятӣ алоқаманд мебошад. Табақабандии умумии изҳоро Шевченко Б. И. пешниҳод кардааст. Навъҳои из: 1. Вобаста ба ҳаҷм ва сатҳ. 2. Статикӣ ва динамикӣ [вобаста ба хусусияти алоқаи ҳолати механикии мудрак (объект) бо инъикоси сохти берунаи яке ба дигаре]. 3. Маҳдуд ва ғайримарказӣ. Грановский Г. Л. нишонаҳои мудраки измонандро ба гомеоскопӣ (изҳои даст, дандон, пой, нохун), механогомӣ (пойафзор, либос, узви сунъӣ), механокоскопӣ ва ҳайвонот тақсим кардааст. Ҳар зергурӯҳ низоми нишонаҳоеро дар бар мегирад, ки дар қисми муайяни пайшиносӣ омӯхта, табақабандӣ мешаванд. Дар умум намуди изҳо чунинанд: изи одамон, изи афзори ҷиноят, изи асбобҳо, изи механизмҳои истеҳсолӣ, изи воситаҳои нақлиёт.

Дар пайшиносӣ (трассология) барои муайян кардани ҳодисаи ҷиноятӣ изҳои зерин омӯхта мешаванд: изҳои парма, изҳои пой ва пойафзор, осори қатра ё доғҳои хун дар бадану либоси одамон ва ашё, изҳои воситаҳои буранда ҳангоми ба қисмҳо ҷудо кардани ин ё он ашё, изҳои мили силоҳ дар рӯи тирҳо, тирдони парокандашуда ва тири аз силоҳ парондашуда дар объект, осори воситаҳои нақлиёти чархӣ, изҳои тоқи ба ҳам алоқаманд ва ё аз ҳам ҷудо. Хусусиятҳои фардии из ба монанди чинҳои сершумор, андоза ва ҳамвории кафи пой, рахҳои амудӣ ва уфуқӣ, обила, нақс ва ғ. метавонанд ба муфаттишон дар ташхиси парвандаи ҷиноятӣ ёрӣ расонанд. Дар илми пайшиносӣ аз рӯи из вазн ва ҷинсияти фардро низ муайян карда метавонанд. Вазни одамон аз рӯи андозаи пойафзор ва уфуқе, ки ба замин фурӯ рафтааст, муайян карда мешавад. Изи аслӣ метавонад бо сабти мавҷудааш (дар шаҳодатномаи таваллуд) санҷида ва мувофиқа шавад. Изи даст ва пойи ҳар як шахс рахҳои гуногун дорад, ки аз рахҳои ашхоси дигар фарқ мекунанд. Барои таҳлили изҳо муфаттишон аксҳои алоҳида гирифта, аз дастгоҳҳои компютерӣ мегузаронанд. Баъзан изҳои вонамудшуда аз ҷониби ҷинояткор ва ё шарикони ӯ гузошта мешаванд, то ки мақомоти тафтиши ҷиноятиро ба баровардани хулосаи хато водор намоянд. Изҳои хурд дар криминалистика изҳое мебошанд, ки муайян кардани онҳо бе ёрии воситаҳои оптикӣ номумкин аст. Ба воситаҳои оптикӣ порчаҳои хурди шиша, чӯб ва ғ. дохил мешаванд. Изҳои сатҳӣ дар натиҷаи ивазшавии шакли ашё, изҳои аз афзорҳо гузошташуда, изҳои тирдон ва тӯпҳо, шикастапораҳо ва ғ. пайдо мешаванд. Онҳо дар ҳолате ба вуҷуд меоянд, ки як ашё зери таъсири ашёи дигар қарор мегирад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]