Иззатшоҳи Дарвозӣ
Мирзо Иззатшоҳ ибни Мазҳабшоҳи Дарвозӣ (форсӣ: عزتشاه دروازی; 1863, Қалъаи Хум — 1918, ҳамон ҷо) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мадрасаи динии Қалъаи Хум таҳсилро оғоз намуда, чанде аз илмҳои мутадовилаи даврро дар ин ҷо аз мударрисони варзида омӯхтааст; ба шеър гуфтан низ дар ҳамин ҷо оғоз кард. Аз илмҳои омӯхтааш қаноатманд набуд ва барои идомаи таҳсил роҳи Бухороро пеш гирифт. Қабл аз ба Бухоро расидан Иззатшоҳи Дарвозӣ дар Шаҳрисабз бо Амир Абдулаҳад вохӯрд ва маснавие нигошта, ба ӯ тақдим кард. Ҳамин мулоқот сабаб гардид, ки Иззатшоҳи Дарвозӣ дар Бухоро мақому манзалат дарёфт намуд. Дар тазкираҳои асри 19 аз Иззатшоҳи Дарвозӣ чун мирохур ва навкарони амири Бухоро, сокини Дарвоз ёд шудааст, ки ҳар сол ба пазироии амир мерафт. Дар манбаъҳои адабии таълифшуда дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон Иззатшоҳи Дарвозӣ чун шоири ширинкалом, шеършиносу таърихшинос, хуштабъу хушзеҳн тавсиф шудааст. Иззатшоҳи Дарвозӣ хаттоти моҳир низ буд; аз мусиқӣ ва ҳофизӣ огоҳӣ дошт. Бо оҳангу мусиқӣ дар шакли суруд навишта шудани баъзе ғазалҳояш гувоҳи ин даъвоянд. Иззатшоҳи Дарвозиро муҳаққиқон (дар «Таърихи адабиёти Афғонистон», Аҳмад Наҷиби Байзоӣ дар «Суханварони дарвозӣ» ва дигарон) шоири соҳибдевон гуфтаанд (шумораи ашъораш 2650 мисраъ). Аз девони Иззатшоҳи Дарвозӣ ду нусха маълум аст, ки бо хатти худи шоир китобат шудаанд. Як нусха аз онҳо дар китобхонаи муҳаққиқи забони пашту Савлатшоҳ Мерганов дар Душанбе (ҳадяи шахсияти машҳури Афғонистон Тоҳири Бадахшӣ) ва нусхаи дигар дар Афғонистон (китобхонаи Ҳоҷӣ Баҳодури Дарвозӣ ё Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ) мавҷуданд. Аз нусхаи китобхонаи С. Мерганов маълум шуд, ки асаре, ки бо номи девон ба Иззатшоҳи Дарвозӣ нисбат дода мешавад, ба талаботи девон мувофиқат намекунад (нигар Девон). Ин китоб ба маҷмӯаи шеърҳо монанд аст, ки дар он қасоиду ғазалиёт, рубоиҳо, маснавиҳо ва мухаммасҳо, наътҳо бо тартиби соли навишташон гирд оварда шудаанд. Дар тазкираҳову баёзҳои асри 19 шеърҳояш вомехӯранд.
Ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Иззатшоҳи Дарвозӣ дар ашъораш ба мавзӯъҳои гуногун — ишқу ошиқӣ, васфи манзараҳои табиат, фарорасии Наврӯз, ҳасби ҳол ва амсоли инҳо даст задааст. Аз мазмуни баъзе шеърҳояш бармеояд, ки аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил илҳом гирифтааст. Абёти зер аз нигоштаҳои ӯянд:
То матоъи ҳусни худро ба бозор оварад,
Мисли ман чандин ҳазоронро харидор оварад.
Ҳусни хубон дар замири ошиқон бошад шаҷар,
Меҳнату андуҳи кулфат ҳар замон бор оварад.
Андалеби бӯстонам, боданӯши анҷуман,
Ин равишҳое, ки дорам бар сари дор оварад.
Ин тилисми резаҳо в-он чодари болои сар,
Он бигиряд бар ману он ханда бисёр оварад...
Мекунад вобастаи зулфаш ҳазорон гардане,
Ошиқони хастадилро дида хунбор оварад.
Банда дарвозиаму мавлиди ман гардида Хум,
Кист аз Хум мисли ман ин гуна ашъор оварад.
Иззато, маъюс аз бисёрии исён мабош,
Аз хазоне метавонад ӯ, ки гулзор оварад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иззатшоҳи Дарвозӣ / С. Ализода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.