Қалъаи Хумб
Қалъаи Хумб قلعۀ خمب | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Кӯҳистони Бадахшон |
Ноҳия: | Дарвоз |
Замони таъсис : | садаи XV |
Раиси шаҳрак: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 100 км² |
Баландӣ аз сатҳи дарё : | 1200 м |
Шумораи барзанҳо : | 4 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2008) : | 1909 кас |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | дарвозӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ, ҷаъфарӣ, исмоилӣ |
Нишониҳо | |
Пешшумора : | +992 3552 |
Нишонии почта : | 736400 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 04РТ |
Қалъаи Хумб (форсӣ: قلعۀ خمب) — шаҳраке дар шарқи Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Дарвоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳраки Қалъаи Хумб дар баландии 1200 м аз сатҳи дарё, 368 км шарқтар аз шаҳри Душанбе ва 235 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Хумбоб ба рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад.
Аз ин шаҳрак то Кӯлоб 168 км ва Хоруғ 235 км роҳ аст. Як фурудгоҳ, масҷид, чанд меҳмонхона, бозор ва фурӯшгоҳ дорад.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми Қалъаи Хумб ба гӯиши дарвозии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони порсии садаҳои IX — XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Дарвоз дар садаҳои пешин яке аз забонҳои эронии шарқӣ ва монанд ба забонҳои суғдӣ, балхӣ ва забонҳои помирӣ будааст, аммо дар садаҳои IX — XIV дарвозиён форсизабон гаштанд.
Бар пояи омори соли 2000, шаҳраки Қалъаи Хумб 1 ҳазору 909 тан ҷамъият дошт[1].
Сол | 2010[2] | 2020[3] |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
1,611 | 1,801 |
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Қалъаи Хумб дар садаи XV дар канори рӯди Хумбоб бунёд шуда аст. То соли 1878 пойтахти подшоҳии Дарвоз буд. Аз он пас то соли 1920 мирнишини бекигарии Дарвоз дар Аморати Бухоро буд. Дар солҳои 1930 — 1991 маркази идории ноҳияи Қалъаи Хумб буд.
Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи Дарвозро Курон (форсӣ: کوران) овардаанд ва маркази онро деҳаи кунунии Кеврон (форсӣ: کِوران) ёд кардаанд.[4] Ба гуфти мардуми Дарвоз номи бостонии ин сарзамин Маҳистон (форсӣ: مهستان) будааст.
Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Тавилдара, Дарвоз ва Ванҷ, ва аз тарафи Афғонистон ноҳияҳои Хвоҳон, Куф Об, Шекаи, ва Нусаиу Моимаи, дар ду канораи Рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.
Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид. Пас аз набардҳои хунрез лашкари шоҳи Дарвоз аз Қалъаи Хумб ба рустои Кеврон ақиб нишаст. Ҷанги сарнавиштсоз барои подшоҳии Дарвоз дар рустои Кеврон сурат гирифт ки бо шикасти лашкари Дарвоз анҷом пазируфт. Шоҳ ва шоҳзодагони Дарвоз ки дар миёни онҳо Абулфайзхон ва писари хурдсолаш Муҳаммад Валихон низ буданд ба Фарғона ҳиҷрат карданд. Муҳаммад Валихон дертар яке аз дипломатҳои барҷастаи Афғонистон шуд. Аморати Бухоро Дарвозро бекигарӣ гардонд ва идораи умури онро ба бек супурд.
Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.
Дарвоз дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир (форсӣ: میر) хонда мешуд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931 — 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва Дарвоз яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши дарвозии он бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуданд[5].
Ноҳияи Қалъаи Хумб 26 июни 1991 бо Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Дарвоз номида шуд.
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ [1]
- ↑ Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.
- ↑ Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв.
- ↑ Номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бурхан-уд-Дин-Хан Кушкеки, Путеводитель по Каттагану и Бадахшану, также История Дарваза с 1880 по 1926
- Дарваз Бойгонӣ шудааст 26 сентябри 2007 сол.
- Дарваз
- Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
- Надежда Емельянова. Культура и религия Дарваза
- Ш.С. Камалиддинов. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- Номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон
Қалъаи Хумб дар Викианбор |