Изоверин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Изоверин — воситаи тақвиятбахши раванди зоимон. Изоверин таваттур (тонус) ва таранҷиши бачадонро афзуда, интиқоли ҷунбаҳои асабро дар уқдаҳои бахши наботи (вегетативӣ)-и силсилаи асаб қатъ ва фишори шараёнро паст мекунад. Изоверинро ба мушак (1 мл маҳлули 2 % ё 5 %) мегузаронанд; қурси он (0,1 г) рӯзе 2‒3 бор истеъмол карда мешавад. Изоверинро ҳамроҳ бо питуитрин низ истифода бурдан мумкин аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]