Jump to content

Бачадон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бачадон, заҳдон, раҳим, (лот. uterus, юн. ὑστέρα) — қисми махсуси аъзои таносул. Дар ҷавфи коси хурд, дар байни пешобдон ва рӯдаи рост ҷойгир шудааст. Вазни бачадони занҳои назоида 49 — 59 г, занҳои серфарзанд 90 — 100 г аст. Қисми зиёди бачадонро танаи он ташкил мекунад, ки ҷониби болоро қаър ва поёнашро гарданаи бачадон меноманд. Қаъри бачадон васеъ буда, ба пеш хам шудааст. Бачадон андарун сатҳи секунҷае дорад, ки болояш тавассути ду сӯрох бо найчаҳои бачадон (найчаҳои Фаллопий) алоқаманд аст. Гарданаи бачадон ба маҳбал боз мешавад. Девораи бачадон се парда дорад: пардаи берунӣ (периметрия), пардаи миёна (миометрия; ғафстарин парда, ки аз се қабат мушаки суфта иборат аст), пардаи дохилӣ (эндометрия), ки дорои ғадудҳои сершумор буда, дар натиҷаи ҳайзбинӣ тағйир меёбад (онро луобпарда низ меноманд).

Вазифаи бачадон бача овардан буда, он чаҳор унсури асосиро дар бар мегирад: омодагӣ ба қабул ва имплантатсияи ҳуҷайратухми бордор: фароҳам овардани шароити мувофиқ барои сабзишу инкишофи он баъди имплантатсия; муҳофизати ҷанин; тавлиди кӯдак ва диг. унсурҳои ҳамл баъди ба охир расидани муҳлати физиологии ҳомилагӣ. Рух намудани тағйирот дар луобпардаи бачадон шарти зарурии омодагии он баҳри қабул ва инкишофи ҳуҷайратухми бордор мебошад (ниг. Давраи ҳайз). Агар ҳуҷайратухми болиғ бордор нагардад, дар он сурат қабати луобпарда (эндометрия) кӯчида меафтад ва ин ҳолат муҷиби хуншорӣ аз роҳи таносул мешавад. Дар сурати бордор шудан, ҳуҷайратухм аз найи бачадон гузашта дар ҷавфи он ҷой мегирад ва дар муҳити барои худ созгор инкишоф меёбад.

Ҳангоми ҳомилагӣ луобпардаи бачадон ғафс ва «сершира» шуда, кӯчида меистад. Ҳуҷайраҳои қабати кӯчида ба миқдори зиёд гликоген доранд ва дар давраҳои аввали ҳамл ҷанинро ба ғизо таъмин мекунанд. Пардаи кӯчанда дар ташаккули ҳамроҳак, ки баъди ҳафтаи 12-уми ҳомилагӣ оғоз меёбад, ширкат меварзад.

Бачадон ҳамчун узви дорои мушакҳои пурқувват ҳамеша дар ҳолати тонус қарор дорад. Тонуси бачадон хусусан дар охири ҳомилагӣ зиёд мешавад.

Тадқиқи бачадон яке аз қисматҳои асосии муоинаи акушерӣ ва гинекологӣ маҳсуб меёбад. Дар мавриди ғундоштани анамнез ба маълумоти марбут ба ҳайз ва таваллуд эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Гарданаи бачадонро бо оинаҳои махсус мебинанд, дар мавриди зарурат аз луобпарда намунаҳо гирифта месанҷанд, биопсия, колпоскопия, гистероскопия, кулдоскопия мегузаронанд. Бузургӣ, ҷойгирӣ, намуд, нуқси инкишоф, омосҳо, ҷисмҳои бегона ва конкрементҳои бачадон бо роҳи рентгеноскопия муайян карда мешаванд. Барои ташхиси тафриқии омосҳои бачадон аз усули ултрасадо истифода менамоянд.

Нуқси анатомии бачадон гуногун аст. Тамоман набудани бачадонро, ки баъди ба балоғати ҷинсӣ расидан ошкор карда мешавад (бинобар наомадани ҳайз), агенезия ё аплазия меноманд. Гоҳо бачадон метавонад ҷуфт бошад. Дар яке аз онҳо, ки мумкин ба маҳбал роҳ надорад, хуни ҳайз ҷамъ мешавад (гематометра). Дар ин гуна мавридҳо зери шикам дард мекунад. Бачадон душоха ҳам шуда метавонад. Бачадони душоха аз як ё ду гардана иборат аст.

Нодуруст ҷойгир шудани бачадонро ҳангоми муоинаи гинекологӣ ошкор месозанд. Гоҳо бачадон мефурояд, ё бар асари баъзе омосҳо чапагардон (дарун берун) мешавад. Зарбу лат ёфтани бачадон дар натиҷаи ба шикам афтодани зани ҳомила, бори вазнин бардоштан ва ғайра рух менамояд. Даридани танаи бачадон низ мумкин аст (бештар ҳангоми таваллуди вазнин ба вуқӯъ мепайвандад). Бемориҳои бачадон: аднексит, эндомиометрит, эндометриоз, эрозияи гарданаи бачадон, сил, сифилис, актиномикоз, миома, аденома, папилома, саратон, саркома, хореонэпителиома ва ғайра.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]