Jump to content

Изоклина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Изоклина (аз юн.-қад. ίσος «баробар, яксон, монанд» + κλίνω «майл кардан, тамоюл») — муодилаи дифференсиалии тартиби якум, хатти каҷи ҳамвори тағйирёбандаҳои х, у, ки дар ҳар як нуқтаи он қисми рости муодилаи дифференсиалии

y = f (x, y) (*) қиматҳои доими (вале дилхоҳи қайдшудаи С)-ро қабул мекунад. Ба ибораи дигар, Изоклина хаттест, ки муодилаи он намуди f (x, y) = С-ро дорад. Хатҳои каҷи интегралии муодилаи дифференсиалии (*), ки Изоклинаи додашударо дар нуқтаҳои гуногун мебуранд, дар нуқтаҳои буришашон бо изоклина нисбат ба самти мусбати тири х кунҷҳои доимии α-ро ташкил медиҳанд, ки барояшон tg α= C мебошад.

Сохтани Изоклинаи муодилаи (*) имкон медиҳад, ки барои қиматҳои мушаххаси С рафтори хатҳои каҷи интегралии муодилаи дифференсиалии тартиби якуми намуди (*) ба таври возеҳ маънидод карда шавад. Изоклина ҳалли графикии муодилаҳои намуди (*)-ро осон мекунад.