Jump to content

Ил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ил
Мифология Phoenician mythology[d], Canaanite religion[d] ва Ugaritic religion[d]
Пол мард
Супруг(а) Asherah[d]
Дети Баъл, Mot[d], Yam[d], Shahar[d], Shalim[d] ва Shapshu[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ил (ибрӣ אל — Худо, Маъбуд, ба арабӣ إله) — шоҳи худоён ва аз қадимтарин номҳои Худо; ба ҳар кадом худоёни Шарқи Наздики Бостон ишора мекунад; номи Худо ва ҷузъи номҳои мураккаб, ба монанди Микоил ва Дониил.

Ил дар забонҳои сомии шимолӣ ба маънии худо ё илоҳа аст. Вожаи Ил дар тамаддунҳои Ховари Миёнаи Бостон номи хос барои муҳимтарин худои он оин буд. Ил дар забони ниёсомӣ ба маънои худо мебошад. Худоёни хоссе, ки ба унвони Ил шинохта мешуданд, олитарин худои дини Канъони Бостон ва муҳимтарин худои сомиҳои Байнаннаҳрайн дар давраи подшоҳи бузурги аккадӣ Сорикину (2334 то 2279 то м.) ва худои китоби муқаддаси яҳудиён буданд. Сомиёни шимолӣ аз вожаи Ил ҳам ба унвони як номи умумӣ барои тамоми худоёни худ истифода мекарданд ва ҳам ба унвони ному унвони хосси бартарин худояшон. Ил сарчашмаи теъдоди зиёде аз маҷмӯи худоёни қавми сомӣ будааст. Дар миёни канъониён Ил падари тамоми худоёни дигар маънидод мешуд.

Ил чандин бор дар Инҷил ва Сифри Пайдоиш ба Худо нисбат дода шудааст. Ил дар калимаҳое чун Ҷабраил (марди Худо), Исрофил (дурахшиши Худо), Исмоил (ҳарфшунавандаи Худо), Азроил (ёвари Худо) ва даҳҳо исми дигар истифода шуда, бо корбурди он ҳамчун пасванд номҳои мураккаби дигаре низ сохтаанд. То зуҳури Иброҳим (а) дар манотиқи Бобил, Байнаннаҳрайн ва ғ. қавмҳое чун иброниёну сомиён нахустарвоҳ ва қувваҳои фавқуттабииро ба исми умумии Ил мехонданд; вақте Иброҳим (а) ба онҳо дини яккахудоӣ овард, истилоҳи Илро номи Худои якто қарор доданд. Ил ифодакунандаи ягонапарастӣ буда, маънои «неруи тавонои нодиданӣ»-ро ифода мекунад. Бобилиҳо Илро (El), сурёниҳо «илим» (Elim), ибриҳо «алуҳим» (Alohim) ва набатиҳо «илоҳ» (Ilah) талаффуз кардаанд, ки ҳамаи онҳо мафҳуми ягона ва ғайбиро ифода карда, дар даврони бостон мафҳумҳое буданд, ки барои ягонапарастӣ ва яктопарастӣ истифода мешуданд.

  • توفیقی حسین. آشنایی با ادیان بزرگ. تهران، ۱۳۸۴ ش.؛
  • .جان بایر ناس. تاریخ جامع ادیان/ ترجمه علی اصغر حکمت. تهران،۱۳۹۰ ش