Иллат ва маълул
иллат ва маълул ( ар. علّت – сабаб, айб, камбудӣ, дард, беморӣ ва معلول – бемор, маъюб), сабаб ва натиҷа — истилоҳоти фалсафӣ, баёнгари яке аз шаклҳои иртиботи мутақобилаи умумии падидаҳо.
Мафҳум
[вироиш | вироиши манбаъ]Иллат, маъмулан, ҳамчун падида ва амале фаҳмида мешавад, ки падидаи дигареро эҷод ё муайян мекунад ва ё таҳрик мебахшад; падидаи навэҷодшударо маълул ё натиҷа мегӯянд. Мас., боз шудани қуфл падидаест, ки бар асари ҳаракати даст ба вуҷуд меояд: ҳаракати даст иллат ва боз шудани қуфл маълул ба шумор меравад. Иллат ва маълул яке аз куҳантарин ва муҳимтарин мақулаи фалсафӣ ба шумор рафта, дар аксарияти низоми фалсафӣ ва таълимоти файласуфон истифода шудааст. Мас., Арасту таълимот дар бораи чаҳор иллатро ҳамчун чаҳор воситаи асосии тавзеҳи моҳият инкишоф дода, бар ин андеша аст, ки ин усулҳо ҳамчун усулҳои асосии ҳастӣ зуҳур мекунанд. Тасвияи ин усулҳо посухҳои зеринро дар бораи моҳият дар назар дорад: «ин чист?» (иллати суварӣ ё шаклӣ); «ин аз чӣ иборат аст?» (иллати моддӣ); «ин чӣ гуна ба вуҷуд омадааст?» (иллати фоилӣ) ва «ин барои чист?» (иллати ғоӣ). Мас., агар хонае бисозем, бино ва амали хонасозии мо иллати фоилӣ аст ва сукунат дар он хона иллати ғоӣ ба шумор меравад, масолеҳи он хона иллати моддӣ мебошад ва шакли сохтмон, ки мутаносиб бо маскан аст (ва шакли анбор, ҳаммом ё масҷидро надорад), иллати суварӣ аст. Аз назари Арасту, ҳар падидаи табиӣ, мас., як санг, як гиёҳ, як инсон ҳам айнан дорои ин чаҳор иллати мазкур мебошанд. Иллат (сабабият) бидуни маълул тасаввурнашаванда аст. Баррасии иллатии фоилӣ бидуни дар назар гирифтани ҳадаф бемаънист, зеро ҳар амале худ аз худ эҷод намегардад, балки ба хотири натиҷаи муайяне ба вуҷуд меояд. Амал ба ҳадаф тобеъ буда, аз он падид меояд.
Файласуфони форс-тоҷик (Форобӣ, Ибни Сино, Берунӣ ва ғ. ) ва мутакаллимон (Ашъарӣ, Ҷувайнӣ, Ғаззолӣ, Фахри Розӣ, Ибни Халдун, Тафтазонӣ, Замахшарӣ, Мотуридӣ ва ғайра) дар масъалаи иллат ва маълул гоҳе иттифоқи назар ва гоҳе мухолиф доранд. Мас., мутакаллимон ҳар падидаи маълул ва ниёзманд ба иллатро «ҳодис» ва файласуфон «мумкин» таъбир кардаанд. Ба андешаи мутакаллимон: «Агар бихоҳем иллатро таъриф кунем, бояд бигӯем: «Иллат он чизест, ки маълул дар ҳастии худ ба ӯ ниёзманд аст». Ба ибораи дигар: «Ҳар «ҳодис» маълул ва ниёзманд ба иллат аст». Файласуфон мегӯянд: «Ҳар «мумкин» маълул ва ниёзманд ба иллат аст». Ин ду таъбири мухталиф натиҷаҳои мухталиф медиҳанд, бахусус дар баҳсҳои ҳодис ва қидами олам. Ба андешаи файласуфон ҳар иллате фақат маълули хос эҷод мекунад, на ҳар маълулро ва ҳар маълуле танҳо аз иллати хос содир мешавад, на аз ҳар иллате. Яъне, миёни мавҷудоти ҷаҳон вобастагиҳои хосе ҳаст, пас ҳар чиз маншаи ҳар чизе наметавонад бишавад ва ҳар чиз ношӣ аз ҳар чизе наметавонад бошад. Миёни ҳар иллат бо маълули худаш синхият ва муносибати хоссе ҳукмфармо аст, ки миёни як иллат ва маълул-и дигаре нест. Мас., иллати ғизо хӯрдан гушнагӣ буда, пас аз ғизохӯрӣ ба маълулии он – сер шудан даст меёбем. Иллати об нӯшидан ташнагист, ки бо сероб шудан (маълул) анҷом меёбад. Иллати донишомӯзии мо майл ба босавод (маълул) шудани мост. Ҳаргиз барои сер шудан ба об нӯшидан майл намекунем ва ҳеч гоҳ сероб шуданро ба дониш андӯхтан тарҷеҳ намедиҳем.
Фалсафаи замони Нав
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар фалсафаи замони Нав иллатро бо ду бурҳон тавзеҳ медоданд: 1. Рад кардани қазову қадар (азалият) дар омӯзиши табиат (табиат бояд бо худии худ маънидод гардад, яъне барои тавзеҳи табиат ва падидаҳои он бояд аз афзорҳои худи табиат истифода кард ва зуҳури падидаҳои табиатро набояд берун аз табиат ҷуст). 2. Бояд маҳз падидаҳо тавзеҳу тафсир ёбанд, на моҳияти онҳо (ҳангоми омӯзиши табиат бояд ба ин пурсиш посух дод, ки чӣ гуна ва барои чӣ баъзе ҳаракатҳо ё тағйирот рӯй медиҳанд). Қабули ин ду бурҳон фақат баррасии И.-и фаъолро талаб дорад. Зимнан, ин барррасӣ бояд собит созад, ки як падида боиси зуҳури падидаи дигар мешавад. Ин гуна падидаҳои ҷуфт ҳамчун иллат ва маълул маънидод мешавад. Тавсифи аслии робитаҳои иллат ва маълул зарурат ва умумиятро дар назар дошта, аввалӣ чун сабабияти комили иллат ва маълул (ҳар як иллати мушобеҳ бояд мунҷар ба натоиҷи айнӣ шавад) дарк гардида, дуввумӣ чунин бояд фаҳмида шавад, ки ҳеч як падида дар олам бидуни иллати муайян падид намеояд. Яке аз шаклҳои қотеи қонуни иртиботи иллат ва маълул аз ҷониби Лаплас пешниҳод гардид. Тибқи таълимоти ӯ, ҳар як падидаи оламро мумкин аст тавассути қоидаҳои муайяни ҳисобкуниҳои илмии универсалӣ пешбинӣ кард. Ба андешаи Лаплас, номукаммалии донишҳо омилҳои маҳдудкунандае мебошанд, ки истифодаи усули иллатро ғайриимкон мегардонанд. Агар инсоният донишҳои кофии дарк ва истифодаи ақлонии усулҳои сабабиятро дошта бошад, бе ҳеч мушкилӣ моҳияти ҳар як падидаи табиат ва қонунҳои оламро фаҳмида метавонад.
Таълимоти Юм
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи таълимоти Юм, шинохти алоқамандии иллат ва маълул танҳо тавассути таҷриба имконпазир аст. Ба андешаи ӯ, азбаски сабабҳои дониш ба таҷриба асос меёбанд, аз ин рӯ, дар бораи умумият ва зарурат сухан рондан муҳол аст. Тасаввуроти мо дар бораи иллат ва маълул танҳо одати наззора кардани мост, ки чи гуна падидаҳои ҳамсон (ё монанд) яке паси ҳам ба вуҷуд меоянд, аммо кафолат дода намешавад, ки ин одат дар ягон лаҳзаи баъд моро фиреб намедиҳад ва ягон ҳодисаи тасодуфӣ рух намедиҳад.
Назарияи шакокияи Юм аз ҷониби Кант мавриди интиқоди шадид қарор гирифт, ки асосҳои фаросӯии қонуни алоқамандиҳои иллатро баён карда буд. Тибқи таълимоти Кант, иллат ва маълул моҳияти априории усулҳои хирад аст. Мувофиқи мантиқи умумӣ, азбаски баррасии фаросуии падидаҳои табиат бояд бо усулҳои маърифат мувофиқа шавад (на баръакс), бинобар ин, ҳар як падида, ба ҷуз дар мувофиқа бо усулҳои иллат наметавонад тасаввур шавад. Ин амр умумияти алоқамандии иллат ва маълулро тавзеҳ медиҳад. Зарурат аз он рӯ сар мезанад, ки усули иллат ҳамеша қоидаҳои қатъии пайравии як падида аз дигареро дар назар дорад. Падидаи маърифат ба нақша гирифтан ва тартиб додани он қоидаҳоро тибқи дастуроти хирад баён мекунад. Усули иллат сохтани чунон нақшаеро пешбинӣ мекунад, ки дар он маълул ба таври зарурӣ аз иллат хулоса мешавад. Мас., ивазшавии фаслҳои сол аз рӯи нақшаи гардиши Замин дар гирди Офтоб дарк мегардад, ки дар навбати худ ин нақша аз рӯи қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ бароварда мешавад. Кант ҳамчунин ба қонуни алоқамандии иллат ва маълул ишора карда буд. Ҳамчун қоидаи тартибдиҳии падидаҳо, ин қонун наметавонад доираи васеи маърифати ақлониро фаро гирад. Ин маҳдудият бахусус ҳангоми баррасии масоили ахлоқӣ бисёр муҳим аст. Рафтори инсонӣ (ба он ҳадде, ки хирад имкон медиҳад) на ҳамеша аз ҷониби хирад тартиб дода мешавад. Қонунҳои рафтори инсон ҳеч умумияте бо қонунҳои падидаҳои олам надоранд, аз ин рӯ, ба усули иллат тобеъ нестанд. Инсон ба ҳайси шахсияте зуҳур мекунад, ки барои ҳар як рафтори худ озодӣ ва масъулиятро ҳис мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Новая философская энциклопедия. В 4-х томах Т. 2. М., 2010;
مطهری مرتضی. آشنایی با علوم اسلامی. جلد ١. تهران، ١٣٦٩ ش. ؛
- .طریحى فخر الدین. مجمع البحرین. جلد ٢. تهران، ١٣٧٥ ش.
- .ابن منظور محمد ابن مکرم. لسان العرب. جلد ٣. بیروت،١٤١٤ ق
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иллат ва маълул // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.