Jump to content

Илмуляқин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Илмуляқин (ар. علم الیقین‎) — нахустин зинаи яқин. Илмуляқин дар ирфон ба маънои донишест, ки бо роҳи далелу бурҳон ба даст меояд ва дар он ҳеҷ шубҳае нест. Тибқи қавли муфассирон, бо истинод ба қуръон (102:4‒5), агар инсон Илмуляқин дошта бошад, метавонад воқеиятҳоро дар ҳамин дунё мушоҳида кунад ва баъд ба марҳалаҳои болотари яқин даст ёбад. Илмуляқин поинтарин зина ва маҳдудтар аз дигар зинаҳои яқин аст. Ба ақидаи Ибни Арабӣ, агар шинохти Худованд аз ҷониби инсон аз роҳи ақлу далел бошад, Илмуляқин ном дорад. Инсон аз роҳи ақл ва бо Илмуляқин танҳо ҳастӣ ё вуҷуди Худоро исбот карда метавонад ва бо ду зинаи болотари яқин метавонад ба Худо расад.