Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Илох

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илох
Табақабандии илмӣ
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Carex}}, ки бояд мавқеи систематикии таксони Carex-ро муайян кунад.
Гуна:
Илох
Номи илмӣ
Carex physodes M.Bieb. (1809)
Мутародифот

Илох (лот. Carex physodes) — рустании бисъёрсолаи алафи, мансуби гешахо. Рангаш ашххабии сабзтоб, 10-40 см баланд мешавад. Дар бехи пояаш чим ҳосил мекунад. Барги борик, хӯшагул (1-2см), меваи байзашакл дорад. Март — май гул карда, мева мебандад.. Илох бештар дар Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, инчунин дар Афғонистон, Эрон, Хитой, Муғулистон паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон (даштҳои Дилварзин, Ашти Калон, қисми ғарбии водии Фарғона, водиҳои Ҳисор, Вахш, Бешкент ва ғайра) дар минтақаҳои биёбон (дар баландиҳои то 400 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад. Дар заминҳои регзор хуб нашъунамо мекунад. Илох рустании муҳимми чарогоҳҳои зимистонист. Аз ҷиҳати ғизонокӣ мисли лӯбиёиҳо мебошад.