Илоҳинома (Абдуллоҳи Ансорӣ)
Нависанда | Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ |
---|
«Илоҳинома» (форсӣ: الهینامه), «Муноҷотнома» — рисолаи ирфонӣ ва адабии Абдуллоҳи Ансорӣ, ки баъд аз фавти ӯ шогирдонаш ҷамъоварӣ ва тадвин кардаанд.
Илоҳинома шомили муноҷотҳо, суханони ирфонӣ ва рубоиёти Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ аст. Илоҳинома аз қадимтарин матнҳои ирфонии форсӣ буда, дар қолаби насри мусаҷҷаъи мавзун навишта шудааст. Саҷъҳои ин рисола бештар дар қолаби калимоти кӯтоҳ ва наздик ба шеъранд. Илоҳинома ҳарчанд асари ирфонӣ аст, вале аз ҷиҳати ҳикмат ва таълим қобили таваҷҷуҳ аст. Муҳимтарин мавзӯоти ирфонии ин рисола иборат аз тавҳид, таҷаллии зот ва сифот, офариниш, ишқ, иноят, тақдир, илм ва амал мебошанд. Аксари муноҷотҳо бо хитобаи «Илоҳӣ!» оғоз мешаванд, ки Илоҳинома ном гирифтани рисола низ ба ҳамин сабаб аст.
Тартиби муноҷот
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз ҳар муноҷот як рубоие дар тафсили муноҷот оварда мешавад:
Илоҳӣ! Аграчи биҳишт чашму чароғ аст, бе дидори ту дарду доғ аст:
Дар дӯзах агар васли ту дар чанг ояд,
Аз ҳоли биҳиштиён маро нанг ояд.
В-ар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд,
Саҳрои биҳишт дар назарам танг ояд.
Илоҳинома нахустин бор дар маҷмӯаи «Расоили ҷомеи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ» бо кӯшиш ва тасҳеҳи Султонҳусайн Тобандаи Гунободӣ соли 1319 ш. (2002 м.) ба табъ расидааст. Баъдан ҳамин чоп бо тасҳеҳ ва муқобалаи Ваҳиди Дастгардӣ дубора интишор ёфт. Нашри интиқодии рисола бо кӯшиши донишманди афғонистонӣ Муҳаммад Сарвари Мавлоӣ тааллуқ дорад. Илоҳинома ба забонҳои туркӣ ва англисӣ тарҷума ва чоп шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Илоҳинома / И. Ориф // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.