Jump to content

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
ар. عبد الله الأنصاري
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Ансорӣ
Лақаб: Пири Ҳирот, Шайхулислом
Касб, шуғл: шоир, илоҳиётшинос, нависанда
Таърихи таваллуд: 10 апрел 1006(1006-04-10)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 8 март 1089[1] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: тасаввуф, шеър ва ҳанбалӣ
Устодон: Абулҳасани Харақонӣ ва Абубакри Байҳақӣ
Шогирдон: Юсуфи Ҳамадонӣ

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуисмоил Абдуллоҳ ибни Абумансур Муҳаммад Ансорӣ (ар. عبد الله الأنصاري ‎; 10 апрел 1006, Куҳандиж, Ҳирот — 1089, Козургоҳ, Ҳирот) — шоир ва нависандаи мутасаввифи форс-тоҷик, назарияпардоз ва муаррихи тасаввуф, фақеҳ. Бо лақаби Пири Ҳирот ва Шайхулислом низ шуҳрат дорад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳ Ансорӣ 10 майи 1006 дар Куҳандижи Ҳирот дар оилаи дӯкондори суфимашраб ба дунё омадааст. Забони арабиро дар кӯдакӣ ёд гирифта, фиқҳ, тафсир, ҳадис ва илми адабро дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур омӯхтааст. Имом Шарифи Марғазӣ дар фиқҳ устодаш буд. Ҳадисро дар Ҳирот аз Абулфазл Муҳаммади Ҷорӯдӣ (ваф. 1022) фаро гирифт. Илми тафсир ва ҳадисро Абдуллоҳ Ансорӣ дар назди донишманди замон Хоҷа Яҳёи Аммор (ваф. 1031) такмил кард. Соли 1020 Абдуллоҳ Ансорӣ бо Абуабдуллоҳи Тоқӣ (ваф. 1025), ки аз бузургони мазҳаби ҳанбалӣ буд, вохӯрда, фиқҳи ҳанбалиро омӯхт. Абдуллоҳ Ансорӣ дар эътиқодот даставвал пайрави аҳли калом буд. Абдуллоҳ Ансории чаҳордаҳсола ба Балх омад ва минбаъд шаҳру вил-ҳои Хуросону Эронро сайру саёҳат намуда, муддатҳо дар Балх, Нишопур, Тус, Бистом истиқомат кардааст. ӯ дар Рай бо Бобо Кӯҳӣ вохӯрда, дар Нишопур ба мулоқоти Абусаиди Абулхайр мерасад. Ниҳоят Абдуллоҳ Ансорӣ дар 27-солагӣ дар Рай бо суфии машҳур Абулҳасани Харақонӣ вохӯрд. Баъди ин аз ҷамъоварӣ ва тавҷеҳи ҳадис, таълимоти калом даст кашид. Вай соли 1080 бо номи «Замму-л-калом ва аҳлиҳӣ» («Дар мазаммати калом ва аҳли он») асаре навишта, таълимоти Ашъариро роҷеъ ба калом танқид кард ва онро бидъату ботил шумурда, бар зидди мӯътазила низ қиём намуд. Хусусан тафсири ақлонии Қуръонро напазируфт, зеро ба ақидаи ӯ Қуръонро мувофиқи далелҳои созгори ақли инсон шарҳ додан дараҷаи раббонии онро паст кардан будааст. Ошноӣ бо Харақонӣ эътиқоди Абдуллоҳ Ансориро дар тасаввуф устувор гардонд ва аз ин ҷиҳат мухолифати ӯ бо аҳли калом ва ҳанафиёну ҳанбалиён шиддат гирифт. Соли 1049 мухолифони Абдуллоҳ Ансорӣ ӯро ба зиндон партофта, дар ҳабсхонаи Фушанҷ, ки дар беруни Ҳирот воқеъ буд, нигоҳ медоранд. Ба ҳамин сабаб ӯро боз ду бор зиндонӣ ва се бор бадарға мекунанд, вале аз ин эътиқоди ӯ ба тасаввуф суст нашуд. Минбаъд ӯ фақат чун орифи тайкунандаи манзилҳои муҳаббат ва мурағғиби ин маслак фаъолият нишон дод. Абдуллоҳ Ансорӣ ду бор ба ҳаҷ рафт ва ҳангоми сафарҳо бо бисёр ҳаммаслакони хеш мулоқот намуд. Абдуллоҳ Ансорӣ соли 1088 Козургоҳи Ҳирот вафот кардааст.

Бояд гуфт, ки Абдуллоҳ Ансорӣ аз суфиёни эътидолӣ буд, шариат ва тариқатро аз ҳам ҷудо накарда, онҳоро дар роҳи дарёфтани ҳақиқат ба ҳамдигар ёвар шумурда мекӯшид, ки тасаввуфро бо исломи расмӣ оштӣ бидиҳад.

Абдуллоҳ Ансорӣ дар радду қабули самоъ боэҳтиёт буда, дар ин бора ошкоро чизе намегӯяд. Назариёти тасаввуфии Абдуллоҳ Ансорӣ чун тамоми тасаввуф поя ва асоси илмӣ надорад. Бо вуҷуди ин дар таълимоти Абдуллоҳ Ансорӣ ҷиҳатҳои муҳим ва арзишманд низ ба назар мерасанд, ки ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Инсондӯстӣ аз ҷумлаи ҳамин ҷиҳатҳои салими ақоиди ӯст, ки дар танқиди беадолатиҳои замон, зулму золимии давр ва арбоби айём, дар мазаммати ахлоқи замима ва суфиёну рӯҳониёни риёкор, дар тарғиби адолат, ахлоқи ҳамида, ҷавонмардию накӯкорӣ, дӯстӣ зоҳир мешавад. Дар бисёр мавридҳо ин ғояҳо дар омезиш бо таълимоти ирфонӣ ва ақоиди мазҳабии ӯ баён мегарданд. Тамоюлоти халқию мардумпарварӣ дар ҳаҷвияҳои нешдори Абдуллоҳ Ансорӣ, ки ба унвони аъёну сарватмандон, вазирону амирон ва зоҳидони риёкору қаллоб нигаронда шуда буд, бештар аён мегардад. Андешаҳои ахлоқии Абдуллоҳ Ансорӣ, ки рафтори некро тарғиб ва кирдори зиштро маҳкум мекунад, имрӯз ҳам судманданд.

Абдуллоҳ Ансорӣ ба тоҷикӣ ва арабӣ таълифоти бисёре дорад. Тамоми асарҳоеро, ки имрӯз ба Абдуллоҳ Ансорӣ нисбат медиҳанд, ба се гурӯҳ ҷудо бояд кард:

  1. асарҳое, ки Абдуллоҳ Ансорӣ навиштааст;
  2. асарҳое, ки шогирдонаш ва ё пайравони ӯ аз рӯи гуфтаҳои Абдуллоҳ Ансорӣ ба риштаи таҳрир даровардаанд;
  3. асарҳое, ки аслан моли Абдуллоҳ Ансорӣ нестанд, вале ба ӯ нисбат медиҳанд.

Аз гурӯҳи охир се девони ашъорро бояд ном бурд, ки ба Абдуллоҳ Ансорӣ нисбат дода мешаванд, вале дар асл ҳовии ашъори суханварони гуногун мебошанд. Ду гурӯҳи аввали асарҳои Абдуллоҳ Ансорӣ аз инҳо иборатанд: «Илоҳинома», ки бо номҳои «Муноҷот» ва «Малфузот» низ маълум аст, «Ганҷнома», «Қаландарнома», «Рисолаи дилу ҷон», «Канзу-с-соликин», «Зоду-л-мусофирин», «Муҳаббатнома», «Рисолаи воридот», «Ҳафт ҳисор», «Сад майдон», «Насоеҳ», «Табақоту-с-суфия», «Манозилу-с-соирин» (бо ин унвон Абдуллоҳ Ансорӣ ду асар дорад — яке форсӣ, дигаре арабӣ), «Замму-л-калом ва аҳлиҳӣ» ва ғайра Абдуллоҳ Ансорӣ адиби форс-тоҷик бошад ҳам, бештар аз 6 ҳазор байт шеъри арабӣ гуфта будааст, ки аз ин миқдор ба ҷуз шеърҳои алоҳида ва абёти пароканда чизе боқӣ намондааст. Асарҳои дигари арабии Абдуллоҳ Ансорӣ инҳоанд; «Манозилу-с-соирин илал ҳаққу-л-мубин», «Замму-л-калом ва аҳлиҳӣ», «Китобу-л-арбаин», «Ал-Форуқ фӣ сифот» (Ду асари охир роҷеъ ба исботи сифатҳои Офаридагор баҳс мекунанд), «Маноқибу-л-Имом Аҳмад Ҳанбал», «Илалу-л-мақомот», шарҳи китоби Абубакр Муҳаммад Калободии Бухороӣ (ваф. 1087), «Ат-Таарруф» бо номи «Шарҳу-т-таарруф лӣ мазҳаб-ит-тасаввуф» ва ғайра, ки ҳама доир ба масъалаҳои маслакӣ ва мазҳабӣ баҳс мекунанд. «Манозилу-с-соирин» (таълиф 1082) ҷомеътарин асари Абдуллоҳ Ансорӣ мебошад, ки дар шарҳи мақомот ва манозили роҳравони тариқат ба арабӣ тасниф ёфта, дар даҳ боб, ки ҳар кадоме даҳ қисмат аст, роҷеъ ба масъалаҳои назарӣ ва амалии тасаввуф, ҳақоиқи ирфон, сайри сулук, иршоди тариқат таълимот пешниҳод карда мешавад. Дар асрҳои баъдина ба «Манозилу-с-соирин»-и Абдуллоҳ Ансорӣ донишмандони суфимаслак шарҳҳои бисёре навиштаанд. Ин асар соли 1898 дар Теҳрон ба тарзи литографӣ ва соли 1953 дар Қоҳира ба табъ расидааст. Аз осори тоҷикии Абдуллоҳ Ансорӣ «Канзу-с-соликин», «Зоду-л-мусофирин», «Муҳаббатнома», «Сад майдон» ва «Табақоту-с-суфия» дар омӯзиши ҷаҳонбинии Абдуллоҳ Ансорӣ арзиши хос доранд.

Осори мансур

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳ Ансорӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аз аввалин касонест, ки қиссаи Юсуф ва Зулайхоро дар чаҳордаҳ маҷлис бо номи «Анису-л-муридин ва шамсу-л-маҷолис» бо наср таҳрир намуда, рамзиёти тасаввуфиро ба тарзи бадеӣ ба василаи образҳои асосии достон баён кардааст. Ин асари Абдуллоҳ Ансорӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик чун намунаи хуби насри бадеӣ, чун қиссаи романмонанд аз ҷиҳати мавзӯъ мақоми хос дорад. Нусхаи ягонаи маълум ва қадимаи он таҳти рақами 1458 дар китобхонаи Индиа-Оффис маҳфуз аст. Абдуллоҳ Ансорӣ шогирдони бисёр дошт, ки ҳикматҳои пурмаънии ӯро навишта мегирифтаанд ва ба ин васила як силсила осори мустақили фикрии Абдуллоҳ Ансорӣ дар қайди китобат даромада то ба замони мо расидааст. Соли 1056 яке аз шогирдони Абдуллоҳ Ансорӣ шарҳу тафсирҳои устоди худро роҷеъ ба Қуръон ҷамъ ва тадвин намуда, ба он «Сад майдон» унвон гузошт. Онро донишманди афғон Абулҳай Ҳабибӣ бо муқаддима, ҳавошӣ ва тасҳеҳ (Кобул, 1962) чоп намуд. Аз Абдуллоҳ Ансорӣ девони алоҳида намондааст. Вале зимни осори мансури ӯ ғазал, рубоӣ, қитъа ва дигар анвои шеър ба назар мерасанд. Абдуллоҳ Ансорӣ дар бисёр асарҳояш, аз ҷумла дар ашъори тоҷикиаш ғояи шикасти нафс, мағрур нашудан ба молу ҷоҳ ва аз гузашта дар ин бобат ибрат гирифтанро тарғиб менамояд.

Лирикаи Абдуллоҳ Ансорӣ самимонаву равон ва аз лиҳози бадеият ва тарзи баён ба сурудҳои халқӣ наздик буда, саршор аз ҳаяҷону азоби ишқи пуршӯр аст. Абдуллоҳ Ансорӣ дар лирика низ ба ороиши маснӯи шеър, ки хоси шоирони дарбор буд, накӯшида, ба ҷои шӯру шавқи рамзии қасоиди дарборӣ эҳсосоти гарми инсониро ифода намудааст. Абдуллоҳ Ансорӣ дар муборизаҳои тезутунди идеологии замонаш иштирок карда, бар зидди ашъариён ва мӯътазилиён сахт мубориза бурдааст. Хидмати Абдуллоҳ Ансорӣ дар баёни зиндагӣ ва ақидаи шайхону идеологҳои тасаввуф чашмгир мебошад. Дар «Табақоту-с- суфия» ӯ дар бораи намояндагони бузурги тасаввуфи пеш аз худаш монанди Боязиди Бистомӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Шиблӣ, Тамистонӣ, Харроз, Қассоби Омулӣ, Абуалии Рудборӣ ва дигарон маълумоти муфид додааст. Се асари Абдуллоҳ Ансорӣ «Сад майдон», «Манозилу-с-соирин»-и форсӣ ва «Манозилу-с-соирин»-и арабӣ ба масъалаҳои муҳими маърифати тасаввуф оиданд. Дар онҳо Абдуллоҳ Ансорӣ силсилаи мақомоти тасаввуфро ба тариқи муайян барои пайравони гуногуни тасаввуф тартиб додааст.

Афкори фалсафӣ ва маърифатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ақидаи Абдуллоҳ Ансорӣ Худо ягона моҳияти мутлақ ва ҳастии кул буда, таҷаллии он боиси ба вуҷуд омадани ақлу олам гардидааст. Дар таълимоти Абдуллоҳ Ансорӣ Худо чун офаридгори олам, аз як тараф, вуҷуди трансендентӣ буда, бо ақидаи дини ислом мутобиқ аст, вале аз тарафи дигар ӯ ваҳдати вуҷудро эътироф карда, ягонагии ҷавҳарии Худову оламро таъкид менамояд, ки ин ақида моҳиятан ба пантеизми ирфонӣ мегаравад. Дар системаи мураккаби гносеологии Абдуллоҳ Ансорӣ, ки аз яқза (бедорӣ) шурӯъ шуда ба тавҳид меанҷомад, сад мақоми тасаввуфӣ зикру тавсиф шудаанд. Метавон гуфт, ки мутафаккир аз ҷумлаи аввалин шахсонест, ки кӯшидааст назарияи сулуки орифонаро ба низоми муайян дарорад. Дар ин системаи Абдуллоҳ Ансорӣ масъалаҳои муҳими маърифати тасаввуф, аз ҷумла зӯҳд, яқин, басират, тафаккур, фақр, талаб, эҳсон, сидқ, фано, бақо, мукошафа, муҳаббат ва ғайра таҳлил шудаанд.

Абдуллоҳ Ансорӣ маърифатро ба се навъ тақсим кардааст: таҳрирӣ, тасдиқӣ ва таҳқиқӣ. Навъи аввали он маърифати сифот ва навъҳо мебошад. Навъи дуюмаш маърифатест, ки ориф дар натиҷаи тааммули амиқ дар ашёю ҳодисаҳо ба вуҷуди сонеъ қоил мешавад. Аммо маърифати таҳқиқӣ ба ваҳдати вуҷуд, ба фанову бақои ирфонӣ мерасонад, яъне зимни он суфӣ моҳиятан бо холиқ як мешавад. Роҳи расидан ба машъуқ ба воситаи ишқ муяссар мешавад ва камоли инсон дар тарки сифатҳои разил мебошад, ки аз онҳо ишқи воқеӣ наҷот меёбад. Абдуллоҳ Ансорӣ мегӯяд:

То дар раҳи ишқи ӯ муҷаррад нашавӣ,
Ҳаргиз зи худии хеш бехуд нашавӣ.
Дунё ҳама бандест бар гардани ту,
Дар банди қабул бош, то рад нашавӣ.

Афкори ахлоқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳ Ансорӣ дар пешрафти афкори ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсӣ саҳми боарзише гузоштааст. Ӯ зулму ситами синфи ҳукмрони замонашро зери танқид гирифта, касби хислатҳои ҳамидаи инсониро ташвиқу таблиғ кардааст. Абдуллоҳ Ансорӣ дар рубоиёташ махсусан ақидаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии худро бо ҷуръати бештар баён намудааст. Дар рубоиёташ баъзан васфи ишқу муҳаббати одии инсон, баъзан мунозара бо Худо, эътироз ба ӯ, норизоятӣ аз ҳаёти пурмашаққат изҳор гардидаанд. Бештари рубоиёти Абдуллоҳ Ансорӣ дар рӯҳияи тасаввуфӣ навишта шудаанд. Дар баъзе рубоиёташ таблиғи оини ҷавонмардӣ ва футувват ҳувайдост, ки аз алоқаи ӯ бо ин равияи иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад.

Абдуллоҳ Ансорӣ дар инкишофи тасаввуф, ақидаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии мардуми тоҷик ва халқҳои ҳамҷавор дар асрҳои миёна хидмати босазое анҷом додааст. Таъсири мероси Абдуллоҳ Ансорӣ ба Абулмаҷди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Абдурраҳмони Ҷомӣ равшан дида мешавад.

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  • Олимов К., Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ, Д., 1988;
  • Бертелс Е. Э., Суфизм и суфийская литература, М., 1965.
  • Петросян А. Р. Аль-Ансари аль-Харави // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, 1991. — С. 21-22.
  • Истины. Изречения персидского и таджикского народов, их поэтов и мудрецов. Перевод Наума Гребнева. Примечания Н. Османова. М.: Наука, 1968; СПб.: Азбука-Классика, 2005. ISBN 5-352-01412-6.
  • Жуковский В. А. Песни Хератского старца // Восточные заметки. СПб., 1895.
  • Хваджах Абдаллах аль-Ансари Бойгонӣ шудааст 30 сентябри 2007  сол. // Энциклопедия Британника