Jump to content

Институти илмию истеҳсолии «Зироаткорӣ»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Институти илмию истеҳсолии «Зироаткорӣ» (соли 1956 таъсис ёфта буд), аз соли 1961 ба марзи шаҳраки Шарора (шаҳрак) кӯчонида шуд. Роҳбарии онро солҳои 1956-1959 академик Вячеслав Прокофевич Красичков, 1959-1961 Александр Александрович Троитский, 1961- 1962 Акбар Нусратуллоевич Махсумов, 1962-1971 Назир Иброҳимович Мансуров , 1971-1982 Ҳайдар Ҷумонқулов, 1983-1985 Бадриддин Шамсиддинов, баъди соли 1986 Ислом Эшонов, Домуллоҷонов, С. Садриддинов, Толиббек Бухориев Саидҷамол Саидов ба уҳда доштанд. Олимони институт дар давоми мавҷудияти муассиса навъҳои гуногуни серҳосили пахта, гандум ва дигар зироатҳоро ихтироъ карда, ба истеҳсолот ворид сохтаанд. Навъҳои пахтаи маҳинахи 23-В, 504-В, 5230-В, 55 95-В, 64 65-В, 6249-В, 6808-В, 7072-В, пахтаи миёнанахи «Меҳргон», «Ҳисор», «Суғдиён», «Ирам», гандумҳои «Садоқат», «Ормон» ва ғайра аз қабили онҳоянд.[1]

Ҳоло ҳамчун Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 69