Акбар Махсумов
Акбар Нусратуллоевич Махсумов | |
Таърихи таваллуд | 2 май 1928 |
Зодгоҳ | Қуқанд, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 20 сентябр 2001 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология, кишоварзӣ |
Ҷойҳои кор | Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон |
Маъруф ба |
|
Ҷоизаҳо |
медали «Барои меҳнати шоён, Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1964), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967). |
Акбар Нусратуллоевич Махсумов — доктори илмҳои кишоварзӣ (1966). Академик (1968), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1962). Академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1994), академики Академияи илмҳои кишоварзии Россия (ВАСХНИЛ). Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1967). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1964).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Акбар Махсумов фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум 2.05.1928 дар шаҳри Қуқанди ҶШС Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Соли 1944 оилаи ӯ ба ҶШС Тоҷикистон кӯчида омадааст. Дар синни 16 солагӣ ӯ ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон барои таҳсил намудан дохил мешавад. Акбар Махсумов соли 1948 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст, ихтисос — «рустанипарварӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: зироаткорӣ ва рустанипарварӣ.
- 1951—1956 — ходими хурд ва калони илмӣ, Бунгоҳи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон,
- 1956—1959 — Мудири шӯъба, муовини директор (1959—1961), Бунгоҳи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон,
- 1961—1962 — директори Институти тадқиқотии кишоварзӣ,
- 1962—1965 — саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон..
- 1965—1971 — вазири кишоварзии ҶШС Тоҷикистон.
- 1971—1975 — ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1975—1986 — муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон,
- 1986—1988 — муовини аввали раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон — раиси Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон,
- 1988—1991 — директори Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1994—2001 — Мушовири Раёсати АИ Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Акбар Махсумов доир ба проблемаҳои истифода бурдан ва ба кор андохтани заминҳои лалмӣ, дам додану тамоми сол истифода бурдани замин ва ғайра бештар аз 80 асар ва ҷамъ то 200 асрҳои илмӣ оид ба зироаткорӣ, рустанипарварӣ, биология, кишоварзӣ навиштааст. Маслиҳатҳои илмии ӯ барои истифодаи самараноки заминҳои бекорхобидаи лалмӣ дар даштҳои Дилварзин, Ашт ва диг. мавриди истифода қарор гирифта буданд. Соли 1971 Акбар Нусратуллоевич ба Академияи илмҳо баргашт ва муддати чор сол ба сифати ноиби Президенти ин ниҳоди илмӣ фаъолият намуд. Соли 1975 ба вазифаи ҷонишини Совети вазирон даъват гардид ва аз соли 1986 то 1988 бошад, вазифаи ҷонишини якуми Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон ва дар баробари ин раиси Комитети давлатии агросаноатии кишварро ифо намуд. Дар ин давра истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ ба 750—800 ҳазор тонна расид. Соли 1981 бошад, кишвар ҳосири рекордӣ ба даст овард, истеҳсоли пахта ба 1 миллион тонна расид. Ин далели ҳамкории судманди марказҳои илмии Академияи илмҳо бо комплексҳои агросаноатӣ буд.[1]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Юнучқаи лалмӣ. — Сталинобод: НДТ, 1959. — 14 с.
- Шудгори замин ба кор бурдани пору. — Сталинобод, 1958. — 16 с.
- Юнучқакорӣ. — Душанбе: Ирфон, 1974. — 63 с.
- Дуруст истифода кардани фонди замин-асоси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ. — Душанбе: ХОЗУУД, 1978. — 26 с.
- Вазифаи ватандўстонаи мо: Инкишоф додани хоҷагии қишлоқи республика дар асоси қарори Пленуми июлии КМ КПСС // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. — 1970. — № 11. — С. 3-10.
- Сиёсати аграрии партия дар амал: Доир ба хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон // Коммунисти Тоҷикистон. — 1976. — № 1. — С. 23-29.
- Пудрати колективиро ҷасурона ҷорӣ намоем: Мақолаи ҷонишини Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. — 1985. — № 9. — С. 3-8.
- Дар хусуси азнавсозии ҷиддии пахтакорӣ, ки ба ҷорӣгардидани технологияи индустриалӣ мусоидат менамояд // Комплекси Агросаноатии Тоҷикистон. — 1988. — № 1. — С. 3-9.[2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- орденҳои Инқилоби Октябр, «Нишони Фахрӣ»,
- «Барои меҳнати шоён, Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1964).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967).[3]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Акбар Махсумов: олиме, ки беҳтарин роҳбар будааст(рус.). kmt.tj. 25 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 май 2018.
- ↑ Акбар Махсумов — писари қаҳрамон(рус.). tajikistantimes.com. 2018-05-04. 25 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 ноябри 2018.
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- Академик Акбар Нусратуллаевич Махсумов (жизнь и деятельность) — Душанбе,1998
- Зодагони 2 май
- Зодагони соли 1928
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Қуқанд
- Даргузаштагони 20 сентябр
- Даргузаштагони соли 2001
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми кишоварзӣ
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Кишоварзони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Арбобони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон