Интернет
Шабакаи ҷаҳонии интернет — шабакаи компютерӣ мебошад, ки бо компютерҳои ҷаҳон пайваст мебошад. Интернет аз шабакаҳои майдатари компютер сохта шудааст. Ин шабакаҳо хабарро мегиранд ва мефиристанд бо истифода бурдани интернет протоколи стандартӣ. Протокол бошад монанди забоне, ки компютер мефаҳмад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Интернет дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 1969 аз тарафи департаменти ИМА "United States Department of Defense Advanced Research Projects Agency" ки АРПА ном дошт сохта шудааст. Дар аввал интернет арпанет унвон дошт, ва ҳамчун воситаи нави алоқаи ҳарбӣ истифода бурда мешуд. Дар соли 1990 World Wide Web дар Шветсария аз тарафи марди бритониё ки Тим Бернерс-Ли ном дошт сохта шуда буд.
Имруз одамон метавонанд дастраси ба интернетро аз интернет провайдерҳо аз идоракунандагони интернет харидори намоянд. Якчанд сервисҳо ки аз интернет истифода бурда мешаванд ройгон мебошанд. Баъзе барноманависон бо ҷалби сармоядорон тавонистанд ки хидматҳои ройгони ҷустуҷӯ, шабакаҳои ичтимоӣ ва ғайрахо шурӯъ карда бо фуруши паёмҳои тиҷорати даромади зиёд ба даст оварданд. Номи альтернативи "нет" аз калимаи "интер(нет)"гирифта шудааст, net аз network шабака аст.
Таърихи пайдоиши Internet
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърихи пайдоиш ва рушди шабакаи Internet зиёда аз 35-солро дар бар мегирад. То миёнаи солҳои ҳафтодум бисёре аз созмонҳои ҳукумати, лабораторияҳои тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои мухталиф аллакай ба шабакаи компютерие, ки номи ARPAnet –ро гирифта буд, пайваст шуда буданд, аммо шабакаҳои маҳаллии созмонҳо дар платформаҳои гуногун кор мекарданд ва ба иҷрои вазифаҳои махсус равона карда шуда буданд. Ҳамин тавр шабака барои артиши ИМА тавассути ширкати DEC, шабака барои нерӯҳҳои ҳавои-тавассути ширкати IBM, шабака барои флоти ҳарби-тавассути ширкати Unisys насб карда мешуд. Тамоми шабакаҳо кор мекарданд, аммо ба забонҳои мухталиф “гуфтугу” мекарданд. Барои он ки шабакаҳои маҳалли бо якдигар якҷоя амал кунанд, лозим шуд, ки қарордодҳои (протоколҳои) байнишабакавӣ, яъне забонҳои таҳия ва ба кор гузошта мешавад, ки компютерҳо дар вақти табаддули иттилоот аз онҳо истифода мекарданд. Соли 1974 Винт Серф (Vint Cerf) ва Боб Кан (Bob Kahn) мақолаеро бо номи “Қарордоди байнишабакавии интиқоли бастаҳои иттилоот (додаҳо)” (A Protokol fo Pocket Network Interworking) нашр карданд, ки дар он роҳҳо барои ҳалли ин масъала тафсил дода мешуданд. Соли 1982 бо таҳия шудани қарордоди TCP/IР ин масъала ҳалли худро пайдо кард. ТСР – ин қарордоди идоракунии интиқол (Transmission Control Protocol) буда, IP-қарордоди Internet (Internet Protocol) мебошад. Бо пайдо шудани TCP/IР калимаи Internet, ки мухтасари калимаҳои Interconnected Networks (Шабакаҳои ба ҳам пайвасткунанда) маъмул гардид. Вазорати мудофиаи ИМА баъдтар TCP/IР-ро (ба унвони) қарордоди стандартӣ барои шабакаҳои компютерҳои ҳарбӣ эълон кард. Ин қарордод дар системаҳои компютерии зиёд кор карданро шурӯъ кард, аз он ҷумла дар компютерҳои фардӣ ва он ба стандарти навъе барои интиқоли байнишабакавии иттилоот мубаддал шуд. Махз ба туфайлӣ қарордоди TCP/IР имрӯз ингуна инфраструктураи бузург ва мутараққие ҳамчун Internet сохта шудааст. Дар замони ҳозира TCP/IР бастае мебошад, ки зиёда аз садҳо қарордиҳандаҳои мухталиф иборат мебошад. Он шомили қарордодҳои сабти дастёбӣ, интиқоли файлҳо, индексатсия ва ҷустуҷӯи маълумот ва ғайраҳо мебошад.
Анкабутхонаи умумиҷаҳонӣ - World Wide Web.
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тарҷума аз забони англисӣ ибораи “World Wide Web” маънои “Анкабутхонаи умумиҷаҳонӣ”-ро дорад, ки онро ҳамчунин Web низ меноманд. Web — яке замимаҳои шабакаи сартосарӣ буда, шабакаи манбаҳои иттилоотие мебошад, ки дар компютерҳои махсуси пуриқтидор ба ном сервисгирандаҳо (муштариҳо) ҷойгир шуданд, ки корбарони онҳо дастёбӣ ба манбаъҳои сервисдиҳандаҳоро ба даст меоварад. Барои бисёри корбарон истилоҳҳои Internet ва Web синонимҳоро ифода мекунанд, лекин бояд дар назар дошт, ки ба вазифаи шабакаи Internet таъмини техникии кори шабакаи Web шомил мешавад ва бо ин имкониятҳои он ба охир намерасад. Агар пайдоиши шабакаи Internet-ро ба соли 1961 нисбат додан мумкин бошад, онгоҳ шабакаи Web соли 1992 ба вуҷуд омадааст ва тариққии он ба пайдоиши системаҳои иттилооти абарматнӣ марбут мебошад. Дар сабоҳи тариққии шабакаи Internet барои намоягузори (индексирование) ва ҷустуҷуи иттилооте дар компютерҳои шабакаӣ ҷойгир шуда таҷрибаҳои зиёде анҷом дода шуд. Лекин ҳеҷкадоме аз равишҳои нав то замоне, ки дар соли 1991 Пол Линдер (Paul Sinder) ва Марк П., Мак Кохил (Mark P. Mc Cahill) аз донишгоҳи Миннесота системаи Gopher –ро насохтан, аз тарафи умум эътироф нашуд. Гарчанде, ки система дорои номи хушоҳанг ҳам набуд (Gopher –ин калламуши турбадорест, ки дар нишонаи вилояти (штатӣ) Миннесота тасвир шудааст), равиши ироашудаи созмондиҳии системаи файлӣ тавассути менюҳои ба таври беихтиёр фаҳмо якбора дар шабака қабул шуд. Сервисдиҳандаҳо Gopher нигоҳ накарда ба камбудиҳояшон, ки қариб якбора мушоҳида шуданд, зуд дар Шабака интишор гардониданд. “Gopher-фазо” босуръат вусъат меёфт. Ҳамзамон бо ин лоиҳаи муттаҳид кардани шабакаҳои компютери кишварҳои аврупоӣ тараққи мекард, ки қувваи ҳаракатдиҳандаи он Лабораторияи аврупоии физика зарраҳои элементарии (ибтидоӣ) (CERN) дар Женева буд, ки сервисдиҳандаи тавонтарини Internet –ро дар Аврупо дар ихтиёр дошт. Натиҷаи ин кӯшишҳо ба амал татбиқ кардани назарияи шабакаи компютерии тавзеъшуда, ки соли 1992 номи World Wide Web-ро гирифт ва муалифи он Тим Бернерс- Ли (Tim Berners-Lee) маҳсуд мешавад, гардид. Шабакаи WWW, ки дар худ ғалаҳои аз ҳама пешрафтаро таҷассум мекард, тараққии минбаъдаи системаи Gopher гардид. Барои минбаъдаҳои худро ба аудиторияи аз ҳама васеи ироа кардан шабакаи Web ба се механизми зерин такя мекард.
- Системаи ягонаи номҳо, ки аз рӯи онҳо минбаъдҳо наметавонанд дар шабакаи бар суроғаҳои ба ном URL (Uniform Resource locator-Маҳалёби якшакли манбаъҳо) асосёфта ёфта шаванд.
- Қарордодҳо барои созмон додани дастёбии шабакаӣ ба манбаъҳои номгузоришуда тавассути шабака, ки ба унвони он қарордоди HTTP (Huper Text Transfer Protocol – Қарордоди интиқоли абарматнҳо) амал мекунад.
- Абарулматн осонкунандаи мурур (навигатсия) дар манбаъҳо, ки барои сохтани он забони HTML (Huper Text Markup language –забони нишонагузории абарматн) истифода мешавад.
Маҳз забони HTML ва вусъатёбии минбаъдаи он мавзӯъи ин китоб хоҳанд шуд. Минбаъдҳои анкабутхонаи ҷаҳонӣ дар сафҳаҳои Web ниҳон карда шудаанд, ки онҳо тавассути забони HTML сохта мешаванд.
Забони HTML аслан забони барномасозӣ нест. HTML-ин забони нишонагузори мебошад. Он барои нишонагузории таърихи матнӣ истифода мешавад ба монанди нишонагузорие, ки таҳриргар (виростор) бо ёрии қалами сурхи ғавфс анҷом медиҳад. Ин нишонаҳо барои муайян кардани қолиб ё сабк, ки ҳангоми санадро ба корбар намоиш додан (муҳтавои онро ба экран (сафҳанамоиш) баровардан) истифода хоҳад шуд, хидмат мекунад.
Дар назари аввал метавонад чунин намояд, ки забони HTML дар маҷмӯаи умумии воситаҳои таъминкунандаи амалкарди Web-танҳо нақши ёридиҳанда ва ночизро бозӣ мекунад, лекин ин таассурот назарфиреб аст. Дар ҳақиқат забони HTML-ин воситаи бунёдие мебошад, ки ба он тараққии босуръат ва пурталотуми Internet дар солҳои охир асос ёфтааст.
Тағйироти бузург дар Интернет
[вироиш | вироиши манбаъ]Муассисаи мудирияти Интернет иҷоза додааст, то сар аз соли оянда номи вебсайтҳоро на танҳо бо лотинӣ, балки бо ҳуруфи дигар низ бигузоранд. Шӯрои ҳуккоми ICANN имрӯз иҷоза ба ҷонибдории он раъй дод, ки вебсайтҳо аз ин ба баъд ҳам бо ҳуруфи арабӣ, чинӣ, сириллик ва ҳуруфи дигар номгузорӣ шаванд. Ин бузургтарин тағйирот дар Интернет дар 40 соли ахир аст. Аз соли 1980 баъди офаридани Интернет, то кунун, вебсайтҳо танҳо бо ҳуруфи лотинӣ навишта мешаванд ва истифода аз ҳуруфи ғайрилотинӣ шуморо ба ҷое намерасонад.[1]
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ширкати «SecDev Corp»-и Канада кишварҳои ҷаҳонро аз рӯи суръати интернет раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар қатори ақибмондатаринҳо қарор додааст. Ба қатори кишварҳои ақибмондатарин, Арманистон – 40 Мбит/сек, Словения – 15 Мбит/сек, Тоҷикистон – 1 Мбит/сек ва Туркманистон бо интернети 0,5 Мбит/сек ворид шудаанд.[2]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаҳои муаллифони YouTube
- YouTube
- Блог
- Лайк
- Интернет
- Шабакаҳои иҷтимоӣ
- Сомона
- Рӯзноманигории бархат
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Наврасони тоҷик ва амнияти интернетӣ
- дафтарчаи телефонии Франсия Бойгонӣ шудааст 11 августи 2019 сол.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |