Jump to content

Иншоаллоҳхони Иншо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иншоаллоҳхони Иншо
урду: انشاء اللہ خان انشاء
ҳиндӣ: इंशाअल्ला खाँ
Таърихи таваллуд: 1752[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 май 1817(1817-05-19)[2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: ҳиндустонӣ[d][3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сайид Иншоаллоҳхони Иншо (форсӣ: انشاء اللہ خان انشاء‎; 1752[1], Муршидобод[d]19 май 1817[2], Лакҳнав, Роҷи Бритониё) — шоир, нависанда, донишманди форсизабон ва зуллисонайни Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузаштагони Иншо аз содоти Наҷаф буданд, ки баътар ба Деҳлӣ кӯч бастаанд. Падари Иншо аз зумраи аҳли адаб (бо тахаллуси «Масдар» шеър мегуфтааст) ва табиби дарбори ҳокимони Деҳлӣ буд ва аз Деҳлӣ назди амири Муршидобод — Сироҷуддавла (ҳукмронӣ 1756-57) рафта, муддате ҳамчун пизишк дар дарбор кор кардааст. Иншо дар Муршидобод зода ва ҳамон ҷо ба камол расид. Дар 16-солагӣ муддате муншии девони Шуҷоуддавла ва Зулфиқоруддавла дар Бангола буд. Дар замони ҳукмронии Шоҳ Олами II (ҳукмронӣ 1760—1806) ба Деҳлӣ ба дарбори ин шоҳ рафта, аз он ҷо ба Лакҳнав кӯчидааст ва назди Сулаймоншукӯҳ (то соли 1810) зистааст. Сипас, ба хидмати ҳокими Авадҳ Саодат Алихони Лакҳнавӣ (ҳукмронӣ 1797—1882) омада, ӯро мадҳ гуфтааст. Дере нагузашта муносибати Иншо бо мамдӯҳаш халалдор шуд ва ҳокими Авадҳ ӯро аз дарбор ронд. Иншо гӯшанишиниро ихтиёр карда, ба бемории саръ (димоғӣ) гирифтор шуд ва бо ҳамин ҳол аз дунё даргузашт. Иншо шоири тавоно ва хушқариҳа буда, ба забонҳои форсӣ, арабӣ, урду ва туркӣ шеър гуфтааст. Осораш аз «Девони форсӣ», «Девони ашъори бе нуқта», «Ғазалиёти рехта», «Ғазалиёти урду», «Қасоид», «Маснавиёт», «Рубоиёт», «Қитъот ва адабиёти мутафарриқа» иборат буда, дар китоби «Куллиёти Иншо» (нашр соли 1855, Деҳлӣ) фароҳам оварда шудааст. Ба қалами ӯ китобе бо номи «Дарёи латофат» (чопи сангӣ, соли 1848, Муршидобод) ба забони форсӣ оид ба забоншиносии урду ва китобе ба забон туркӣ бо номи «Баҳру-л-саодат» ва ғ. тааллуқ доранд. Бо номи «Назми мақлуб» низ китобе иншо кардааст.