Ирина Мансурова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ирина Мансурова
Ирина Ҷаъфаровна Мансурова
Санаи таваллуд:

15 ноябр 1925(1925-11-15)

Зодгоҳ:

Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон

Санаи марг:

6 апрел 1991(1991-04-06) (65 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи тиббии Самарқанд

Ирина Ҷаъфаровна Мансурова (15.11.1925, Бухоро – 06.04.1991, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1967), профессор (1969).

Зиндагинома[вироиш]

Донишгоҳи тиббии Самарқандро хатм кардааст (1948). Солҳои 1951-1959 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои сироятӣ, ассистенти кафедраи биохимияи ИДТТ ба номи Ибни Сино , 1959-1976 ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи биохимияи Институти таҳқиқоти илмии тибби кишварии Тоҷикистон (ҳозира Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон) буд. Аз соли 1976 то охири умр вазифаи мудири лабораторияи биохимияи одаму ҳайвоноти Шуъбаи муҳофизати табиати АИ Тоҷикистонро ба ўҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 200 кори илмӣ доир ба омўзиши ихтилоли раванди мубодила дар организм ва таъсири дорую заҳрҳо ба он мебошад, усулҳои таҳлили микрохимиявии пунктатҳои ҷигар (унсурҳои бофтаи ҷигар, ки бо сўзани махсус гирифта мешавад), инчунин типҳои конселлятсионии ферментҳоро кор кардааст. Бо роҳбариаш сабабҳои музмин гаштан ва роҳҳои пешгирии бемориҳо, таъсири рустаниҳои доруӣ ба мубодилаи модда дар организми зинда омўхта шуд.

Осор[вироиш]

  • Уровень буферных кислот в сыворотке крови при некоторых поражениях печени. – Сталинабад, 1958;
  • Биохимия печени больных гепатитами и циррозами: Дисс…доктора мед. наук. – М., 1966;
  • Биохимия печени при болезни Боткина и боткинских циррозах. – Д., 1964;
  • Обменные процессы при диффузных поражениях печени. – Д., 1967;
  • Избранные лекции по клинической биохимии. – Д., 1971. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 316.