Иртибот (паём)
Зоҳир
Иртибот (алоқа) (аз лот. communication – хабаррасонӣ, таҳвил) – шакли алоқа; амали муошират, табодули иттилоот байни инсонҳо. Нуқтаҳо, шабакаҳо, самти ҳаракатҳои иттилоотие, ки одамонро ба ҳамдигар мепайвандад. Ҷараёни табодули иттилоот тавассути шабакаҳои пахши ахбор ва таъсирҳои муайян миёни истеҳсолкунанда ва истеъмолгар. Намудҳои гуногун дорад. Аз байни онҳо иртиботи маркетингиро махсус ҷудо мекунанд, ки реклама навъи маъмули он аст. Дар ҷараёни иртибот на танҳо забон, балки аз имову ишора низ истифода мебаранд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С.105. ISBN-978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |