Ислимхон
Ислимхон | |
Зодгоҳ | шаҳри Бухоро |
Таърихи даргузашт | 1888 |
Пеша(ҳо) | сароянда шоир |
Ислимхон — шоир, мусанниф-таронасоз, мусиқидон, намояндаи боҳунари мактаби эҷодию иҷроии Бухоро. Зиндагӣ ва фаъолияти Ислимхон дар фазои адабӣ, ҳунарии шаҳрҳои Бухоро, Марв, Самарқанд, Шаҳрисабз, Миёнколот гузашта, бо Аҳмади Дониш (1826-1897), Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851-1906), Бобо Ҷалол (1845-1928), Раҳимбердии Самарқандӣ (1820-1897), Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936) ва диг. ҳамкору ҳамнишин буд. Шоири хушсухан буда, дар гуфтани ғазал, мустазод, соқинома, рубоӣ табъи баланд дошта, аксари таснифоташ дар баёзу рисолаҳои «Шашмақом» ворид шудаанд. Дар таркиби «Шашмақом» шохаи «Сақили Ислимӣ» бо ному эҷоди ӯ мансуб аст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳашмат, Тазкирату-ш-шуаро, Р:2728 ИВАН Уз.ССР; Муҳтарам, Тазкирату-ш-шуаро, Душ., 1975; Рисолаи Шашмақом, Р:1197, ИВАН Уз.ССР; Ашъори Шашмақом, Р:302-VI, ИВАН Уз. ССР; Абёти Шашмақом, Р:4632-1, ИВАН Уз.ССР; Рисолаи Шашмақом, Р:5734, ИВАН Уз.ССР.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 87 ISBN 978-99947-49-13-3
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |