Исломов Юсуф Ахмедович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Исломов Юсуф Ахмедович
Юсуф Ахмедович Исломов
Санаи таваллуд:

2 март 1928(1928-03-02)

Зодгоҳ:

Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, СССР

Санаи марг:

номаълум

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Юсуф Ахмедович Исломов (тав. 02.03.1928, ш. Бухоро – ваф. ш. Душанбе), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1964), дотсент (1974).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1948–1952 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1952–1953 лектори КМ ЛКСМ Тоҷикистон, 1953–1956 библиографи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ, 1956–1959 лаборанти калони кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, 1959–1962 корманди хурди илмии Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1962–1964 муаллими калони кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, 1964–1970 муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1970–1980 дотсент, муовини декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин оид ба таълим, 1980–1989 дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии тиббии ш. Душанбе ба номи Абӯали ибни Сино, 1989–1998 дотсенти кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Оид ба таърихи ташкилёбии комсомоли Тоҷикистон ва нақши он дар сохтмони сотсиализм кори илмӣ бурдааст. Бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Материалҳо оид ба таърихи комсомоли Тоҷикистон, Д., 1957;
  • Комсомол Таджикистана и коллективизация сельского хозяйства, Д., 1959;
  • Таърихи ташкилёбии комсомоли Тоҷикистон, Д., 1960;
  • Комсомол Таджикистана в борьбе за коллективизацию сельского хозяйства, Д., 1961;
  • Организация и деятельность Коммунистического Союза, Д., 1962;
  • Воспоминания бывших комсомольцев, Д., 1962;
  • Комсомоли Тоҷикистон дар сохтмони коммунизм, Д., 1963.

Пайвандҳои беруна[вироиш]