Ислом Содиқов
Ислом Содиқович Содиқов (тав. 11.12.1948, ноҳияи Варзоб), физик, номзади илмҳои физика ва математика (1985), дотсент (1986).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1966–1971 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1971–1978 ассистенти кафедраи физикаи назариявии донишкадаи номбурда, 1979–1984 тадқиқотчӣ ва аспиранти Академияи илмҳои ИҶШС, 1985–1988 муаллими калони кафедраи физикаи назариявӣ, 1989–1998 декани факултети физика, 1998–1999 директори литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев буд. Солҳои 1999– 2003 ҳамчун дотсенти кафедраи барқикунонӣ ва автоматонии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор карда, айни ҳол мудири кафедраи физикаи донишгоҳи мазкур мебошад. Оид ба хосиятҳои динамикии макромолекулаҳои хаттӣ дар майдони гидродинамикии қадӣ кори илмӣ бурда, зиёда аз 100 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз ҷумла, 2 рисолаи илмӣ ва 4 китоби дарсӣ нашр намудааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1990) сарфароз шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |