Исохон Низомов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исохон Низомов
Исохон Мусоевич Низомов
Таърихи таваллуд: 3 феврал 1981(1981-02-03) (42 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: кимиё
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Исохон Мусоевич Низомов (тав. 3.02.1981, ноҳияи Ҳисор), кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (2009).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1999–2003 дар бахши бакалаврӣ, 2003–2005 дар бахши магистрии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил кардааст. Солҳои 2006–2008 аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2008 то ба имрӯз муаллими кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии донишгоҳи номбурда мебошад. Оид ба ҳалшавандагӣ ва мувозинатҳои фазагӣ дар системаи Na,K//CO3,HCO3,F-H2O дар ҳарорати 0 ва 250С, инчунин мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёркомпонентаи обӣ-намакӣ бо ёрии методи интиқол кори илмӣ бурда истодааст. Муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад карда, мақолаҳояш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бо забонҳои русӣ ва англисӣ чоп шудаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мувозинатҳои фазагии системаи обӣ-намакии Na,K//CO3,F-H2O дар ҳарорати 250С // Вестник Педуниверситета (серия естественных наук), 2005, № 4;
  • Фазовые равновесия в системы Na,К//СО3,НСО3-Н2О при 250С // Доклад АН РТ, 2006, Т. 49. № 2;
  • Фазовые равновесия в системы Na,К//СО3,НСО3-Н2О при 00С // Вестник ТГНУ (серия естественных наук), 2006, № 5 (31);
  • Фазовые равновесия в системе Na2CO3–NaHCO3–NaF– H2O при 00 и 250С // Сборник научных трудов, ТГНУ, 2007, № 5 (31);
  • Фазовые равновесия в системе Na,K//SO4,CO3,HCO3,F-H2O при 250С, на уровне четырёхкомпонентного состава // Вестник ТГПУ (серия естественных наук), 2008, № 1 (22);
  • Растворимость в системе Na,K//CO3,HCO3- H2O при 00С // Доклад АН РТ, 2008, Т. 51, № 8;
  • Фазовые равновесия в системе Na,K//SO4,CO3,HCO3,F-H2O при 250С // Журнал неорганической химии РАН, 2009, Т. 54, №5.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]