Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Исо ибни Умари Сақафӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исо ибни Умари Сақафӣ
ар. عيسى بن عمر الثقفي
Таърихи таваллуд номаълум
Таърихи даргузашт 766

Исо ибни Умари Сақафӣ (ар. عيسى بن عمر الثقفي; номаълум766) — забоншиноси араб, асосгузори мактаби наҳвшиносии Басра.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз аҳли қабилаи Банӣ Сақаф (тахаллусаш аз номи ҳамин қабила аст). Осори Сақафӣ то замони мо боқӣ намондааст. Аз ишороти шогирдонаш Халил ибни Аҳмад, Сибавайҳ бармеояд, ки Сақофӣ муаллифи ду асар: 1) «Ал-Ҷомеъ» (ҷамъи қоидаҳои наҳви забони арабӣ); 2) «Ал-Икмол» («Пуркунанда») будааст. Сақафӣ кӯшидааст қонуну қоидаҳои забони арабиро ба низоми муаӣян дароварад. Дар «Ал-Ҷомеъ»-и Сақафӣ бори аввал дар бораи мафҳуми лаҳҷа ва калимаву мафҳумҳои ба қоидаҳои забони адабии арабӣ номувофиқ сухан рафтааст. Сақафӣ яке аз намояндагони «қироати сабъа» (ҳафт навъи тиловати Қуръон) буд.