Исроил Исмоилов (забоншинос)
Исмоилов Исроил Исмоилович | |
Таърихи таваллуд | 23 феврал 1936 |
Зодгоҳ | ноҳияи Заҳматобод, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 14 октябр 1996 (60 сол) |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Зафаробод, вилояти Ленинобод, Тоҷикистон, |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | забоншиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Институти педагогии шаҳри Душанбе |
Ҷоизаҳо |
Исроил Исмоилов (23 феврали 1936, деҳаи Зерободи ноҳияи Заҳматобод, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 14 октябри 1996, ноҳияи Зафаробод) — забоншиноси тоҷик, номзади илмҳои филология (1976).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Исроил Исмоилов 23 феврали соли 1936 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Заҳматободи вилояти Ленинобод дар оилаи деҳқони саводнок таваллуд шудааст. Падараш Исмоил Раҳматуллоев шахси босавод ва хонандаву донандаи «Қуръон» буд. Падараш бо сабаби нофаҳмиҳои солҳои сиюми асри бист бадарға («тройка») мешавад ва баъдтар дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта бо сабаби набудани гуноҳ сафед карда мешавад. Модараш дар хурдиаш пас аз ду-се соли падар вафот мекунад.
Исроил Исмоилов бо ҳамроҳии ду хоҳараш ятим мемонанд ва онҳоро хешовандон байни худ тақсим карда ба тарбияи худ мегиранд. Хоҳарони ӯ, ки дар тарбияи аммаҳояш буданд, дар синни хурдӣ аз бемориҳои сирояткунандаи он давра ва қаҳтии он солҳо вафот мекунанд. Тарбияи Исроилро амакаш ба уҳда мегирад ва ӯ дар хонадони амакаш ба воя мерасад.
Исроил Исмоилов нахуст мактаби ҳафтсолаи деҳа, сипас ба мактаб-интернати маркази ноҳия ва дар соли 1959 Институти педагогии шаҳри Душанберо хатм мекунад.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор ва соҳиби 9 фарзанд буд. Фарзандон ҳама соҳиби маълумоти олӣ соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1959 тибқи роҳхат ба мактаби миёнаи № 13-и ноҳияи Панҷ фиристода мешавад. Дар он ҷо ба ҳайси муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик шуда кор мекунад.
Пас аз ду соли омӯзгорӣ дар ин мактаб дар соли 1961 ба ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди Институти педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда соли 1964 пас аз хатм бо бо роҳхат ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб меояд ва дар кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» ба сифати муаллими калон ба кор қабул мешавад.
Моҳи феврали соли 1974 бо сабабҳои азнавсозӣ кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» ба кафедраи «Методикаи таълими ибтидоӣ» табдил меёбад ва Исроил Исмоиловро ба сифати муаллими калони кафедра ба кор таъйин мешавад.
Соли 1976 ба вазифаи иҷрокунандаи дотсенти кафедраи «Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ» ва соли 1977 мудирии кафедраи «Методикаи таълими ибтидоӣ»-ро ба уҳда мегирад.
Дар солҳои 1985—1988 дар вазифаи иҷрокунандаи Мудири кафедраи «Забон ва адабиёти рус» кор ва фаъолият мекунад.
Аз соли 1988 дотенти кафедраи «Методикаи таълими ибтидоӣ» таъйин карда мешавад. Моҳи апрели соли 1989 кафедраи «Методикаи таълими ибтидоӣ» ба «Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ» табдил дода мешавад ва ӯ ба вазифаи дотсенти кафедраи «Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ» таъйин шуда дар ин вазифа то соли 1993 кор мекунад.
Соли 1993 ба филиали навтаъсиси Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа ба кор меояд. Дар ин ҷо ӯ мудири кафедраи «Фанҳои умумӣ» таъйин мегардад. Дар инҷо то соли 1995 кор мекунад ва бо сабаби тағйири ҷойи иқомат аз кор меравад.
Соли 1995 барои истиқомат ба шаҳраки Бахти ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кӯч мебандад. Дар ин ҷо ӯро ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 12-и ноҳия ба кор даъват мекунанд ва ба сифати омӯзгори фанни «Забон ва адабиёти тоҷик» ба кор қабул мекунанд.
Фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1975 ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Зарф дар забони адабии ҳозираи тоҷик (Хусусиятҳои морфологӣ)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ М. Ф. Исматуллоев дифоъ намуд. Худи ҳамон сол китоби ӯ бо номи «Зарф дар забони адабии ҳозираи тоҷик» нашр гардид ва дастраси хонандагон шуд.
Исроил Исмоилов дар давоми фаъолияти кориаш шогирдони зиёдеро тарбия карда ба воя расондааст. Аз он ҷумла дотсент Муродали Набиев, Мирзоев Ғоиб ва дигарон буданд. Ба ҳамин минвол садҳо шогирдони ӯ дар соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистону берун аз он кору фаъолият намуда, дар ободу зебо гардонидани ватани азизамон, баланд бардоштани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи он саҳми босазо мегузоранд.
Ҷоизаву ифтихорот
[вироиш | вироиши манбаъ]Исроил Исмоилов бо якчанд ордену медалҳо, аз ҷумла бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва якчанд грамотаҳои фахрии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қадр кардааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Исроил Исмоилов 14 октябри соли 1996, пас аз беморӣ дар шаҳраки Бахти ноҳияи Зафаробод даргузашта ва дар ҳамин ҷо ба хок супурда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исмоилов И. Зарф дар забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Ирфон, 1971. — 87 с[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Исмоилов Исроил. Зарф дар забони адабии ҳозираи тоҷик [PDF](тоҷ.). www.twirpx.com. 21 сентябри 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)