Jump to content

Исроф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Исроф (ар. إسراف‎ ‒ зиёдаравӣ, аз андоза гузаштан, зиёда аз ҳоҷат харҷ кардан) — дар фиқҳ таҷовуз ва зиёдаравӣ аз ҳадди эътидол; сарфи мол дар зиёдатар аз он чӣ сазовор аст; ҳар гуна инҳироф (эътиқодӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғ.).

Исроф гоҳ бар зиёдаравӣ дар анҷом додани амале мубоҳ итлоқ мешавад, монанди зиёдаравӣ дар хӯрдан, ки асли он то ҳадди ниёз ҷоиз, балки матлуб аст ва гоҳ бар хусуси масрафҳои нобаҷову ношоиста, агарчи андак бошад.

Исроф хоҳ андак бошад, хоҳ бисёр, ҳаром ва аз ҷумлаи гуноҳони кабира ба шумор меравад. Қисмҳои Исроф: 1. Талаф ва зоеъ кардани ҳар гуна чизи қобили истифода ё бидуни истифода гузоштани ҳар гуна сармоя. Мас., донаи зардолуро партофтан, ҳангоме ки қобили истифода аст; боқимондаи оби зарфро рехтан дар ҷое, ки об ноёб бошад; либосеро, ки қобили истифодаи худ ё дигаре аст, пора кардан ва ё партофтан; хӯрокеро нигаҳ доштан ва ба дигаре надодан, то ин ки зоеъ шавад; равшан кардани чароғ дар рӯшноии офтоб ва ғ. 2. Сарф кардани мол дар он чӣ, ки ба бадан зарар мерасонад, аз хӯрданӣ ва ошомиданӣ ва ғ., монанди хӯрдани чизе пас аз серӣ. 3. Сарф кардани мол дар мавридҳое, ки шаръан ҳаром аст. Мас., харидани шароб, олоти қимор, пешниҳоди ришва, сарф кардани мол дар чизе, ки зулмеро дар бар дорад ва монанди инҳо. Дар чунин мавридҳо аз ду ҷиҳат мухолифат ба амри Худо ва маъсият аст: яке гуноҳ будани асли амал ва дигаре Исроф будани харҷи мол дар онҳо. Тибқи дидгоҳи динӣ, ҳар гуна масрафи сармоя дар роҳи гуноҳ низ Исроф мебошад. Аксари фуқаҳо масрафи зиёд дар умуре чун истеъмоли атр, рӯшноӣ, хӯрок, вузӯ, ҳаҷ ва умраро Исроф наҳисобидаанд, балки ба аҳаммияту матлубияти беш аз ҳадди онҳо ишора кардаанд.

Дар Қуръон амалҳои зиёде Исроф дониста шудаанд. Мас., инкори вуҷуди Худо ва паёмбарон, ширк бар Худо, бутпарастӣ ва имон наовардан ба оёти илоҳӣ (20: 124, 127), эътиқоди Фиръавн ба рубубияти худ, ки Худованд ӯро аз исрофкорон хондааст (40:34‒35). Афроде, ки ҳангоми балову мусибат аз Худованд ёрӣ металабанд ва дар вақти осоишу роҳат аз ёди Ӯ ғофил мешаванд, аз исрофкоронеанд, ки аъмоли зишти худро зебо мепиндоранд (10:12). Қонуншиканӣ ва сарпечӣ аз дастуроти илоҳӣ низ Исроф муаррифӣ шудааст (5:32). Худованд ба бандагонаш фармуда: «Бихӯред ва биошомед (аз он чӣ бар шумо ҳалол шуда), вале аз ҳад нагузаронед, ба дурустӣ ки Худованд исрофкоронро дӯст намедорад» (7:29). Ҳар гуна рафтори нодуруст ва хориҷ аз ҳадди эътидол низ Исроф ба шумор меравад. Истибдод, худкомагӣ, истикбор, истисмор, хунрезӣ, ситам ва ҳар гуна фасоди иҷтимоӣ аз навъҳои Исроф-и иҷтимоӣ мебошанд. Худованд пас аз баёни низои Қобил ва Ҳобил банӣ Исроилро аз рехтани хуни бегуноҳон ва фасод бар замин наҳй карда, фасодҳои иҷтимоии онҳоро Исроф шумурд (5:32). Исроф бо барҳам задани ҳолати эътидол сабаби ба вуҷуд омадани фасод дар заминаҳои гуногуни ҳаёт мешавад, аз ин рӯ, салби муҳаббати Худованд аз инсонро дар пай дорад (7:7, 31; 6:6, 141).

Муфассирон мавридҳоеро монанди ҳалол шумурдани ҳаромҳои илоҳӣ, қатлу хунрезӣ, куфру ширк, мухолифат бо паёмбарон, пайравӣ аз ҳавои нафс, иртикоби гуноҳон ва ҳар гуна таҷовуз ба ҳарими ҳақ ва ҳақиқатро ҳамчун Исроф маънидод кардаанд. Тибқи омӯзаҳои исломӣ, инсон бояд аз Исроф парҳез карда, сарфаву сариштакориро меъёри зиндагии худ қарор диҳад. Яке аз ҳадафҳои аслии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ аст, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд.

  • Таббора. Рӯҳи ислом. Д., 2011;
  • دیوبندی محمد شفیع عثمانی. تفسیر معارف القران. جلد ٥. تهران، ١٣٨٠ ش.؛
  • صابونی محمد علی. صفوة التفاسیر (ترجمۀ فارسی). جلد ٢. تهران، ١٣٨٢ ش.؛
  • محلی جلال الدین و سیوطی جلال الدین. تفسیر جلالین (ترجمۀ فارسی). جلد ٢. تهران، ۱۳۸۵ ش