Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик
Зоҳир
Ҷангҳо | |
---|---|
Кишвар |
Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни тоҷик, ИНОТ) — эътилофе аз нерӯҳои демократӣ, миллигаро ва исломгаро буд, ки расман дар соли 1993 пас аз хашинтарин марҳалаи Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо ҳам муттаҳид шуданд ва алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷангиданд. Аксари аъзои ИНОТ дар соли 1997 мубориза бо давлатро мутаваққиф карданд. Соли 1997 миёни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва ИНОТ созишномаи сулҳ баста шуд. Дар пайи ин созишнома чандин воҳид аз мухолифин ба бахше аз Артиши миллии Тоҷикистон дохил шуданд ва ба яке аз пуртаҷрибатарин воҳидҳои он табдил шуданд[1].
ИНОТ муташаккил аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Растохез, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Лаъли Бадахшон буд.
Раҳбарони сиёсии ИНОТ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сайид Абдуллоҳи Нурӣ — раиси КОМ аз ИНОТ;
- Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода — роҳбари ИНОТ дар музокироти сулҳи байни тоҷикон;
- Муҳаммадшариф Ҳимматзода — узви КОМ аз ИНОТ;
- Давлатназар Худоназаров — номзад аз аҳзоби мухолиф дар интихоботи президентии соли 1991;
- Ойниҳол Бобоназарова — Ҳизби демократи Тоҷикистон;
- Ҷумъа Ниёзов — узви КОМ аз ИНОТ;
- Абдунабӣ Сатторзода — узви КОМ аз ИНОТ;
- Отахон Латифӣ — узви КОМ аз ИНОТ;
- Қиёмиддин Ғозиев — узви КОМ аз ИНОТ;
- Файзиддин Имомов — узви КОМ аз ИНОТ;
- Ҳабибулло Сангинов — узви КОМ аз ИНОТ;
- Абдураҳим Каримов — узви КОМ аз ИНОТ;
- Атобек Амирбеков — узви КОМ аз ИНОТ;
- Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад — узви КОМ аз ИНОТ;
- Мансур Ҷалилзода — узви КОМ аз ИНОТ;
- Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев — узви КОМ аз ИНОТ.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ John Pike. Tajikistan- Army. GlobalSecurity.org.