Комиссияи оштии миллӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) — механизми асосии татбиқи созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти тоҷикон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНМТ) таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид 27 сентябри 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

КОМ мақоми муваққатӣ буда (4 июни 1997 — 1 апрели 2000), дар давраи гузариш барои татбиқи ҳаматарафаи Созишномаи умумӣ ташкил карда шуд. Фаъолияташ баъди даъвати порлумони нав, ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Маҷлиси Олӣ ва баргузории интихоботи нави порлумонӣ қатъ гардид.

Вазифаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Вазифа ва салоҳиятҳои КОМ дар асоси созишномае, ки миёни Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари ИНМТ — Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар вохӯрии Маскав (23 декабри 1993) ба имзо расид, низомнома, протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии КОМ ва протоколи иловагӣ дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии КОМ муайян шуда буданд.

Мувофиқи Созишномаи умумӣ вазифаҳои асосии КОМ чунинанд:

  • татбиқи созишномаҳои дар музокироти тоҷикон баимзорасида;
  • ба вуҷуд овардани муҳити бовар ва ҳамдигарбахшӣ;
  • барқарор ва мустаҳкам кардани ризояти миллӣ дар Тоҷикистон;
  • ташкил намудани муколамаи васеъ миёни қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар ҷумҳурӣ.

Ҳайат[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳайати КОМ аз 26 узв: 13 нафар аз ҷониби Ҳукумат ва 13 нафар аз ҷониби ИНМТ иборат буд. Сохтор: раис (Сайид Абдуллоҳи Нурӣ), муовини раис (Абдулмаҷид Достиев), 4 зеркомиссия (ҳуқуқӣ, сиёсӣ, низомӣ ва муҳоҷирон). Ҳар як зеркомиссия 6-нафарӣ узв дошт: 3 нафар аз Ҳукумат ва 3 нафар аз ИНМТ. Ду зеркомиссияи КОМ (сиёсӣ ва муҳоҷирон) аз ҷониби намояндагони ҳукумат ва ду зеркомиссияи дигар (ҳуқуқӣ ва низомӣ) аз ҷониби намояндагони ИНОТ роҳбарӣ карда мешуданд. КОМ дар ҳолати зарурӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ метавонист гурӯҳҳои корӣ (аз ҷумла гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои низомӣ, гурезагон, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ) таъсис диҳад.

Сохтор[вироиш | вироиши манбаъ]

Зеркомиссияи сиёсӣ:[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Иброҳим Усмонов — раис (Ҳукумат).
  2. Раҳим Масов — узв (Ҳукумат).
  3. Ҳомид Пулодов — узв (Ҳукумат).
  4. Ҷумъа Ниёзов — узв (ИНОТ).
  5. Абдунабӣ Сатторзода — узв (ИНОТ).
  6. Муҳаммадшариф Ҳимматзода узв (ИНОТ).

Зеркомиссияи ҳуқуқӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Отахон Латифӣ — раис (ИНОТ).
  2. Қиёмиддин Ғозиев — узв (ИНОТ).
  3. Файзиддин Имомов — узв (ИНОТ).
  4. Халифабобо Ҳамидов — узв (Ҳукумат).
  5. Шермаҳмад Шоев — узв (Ҳукумат).
  6. Зариф Алиев — узв (Ҳукумат).

Зеркомиссияи низомӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳабибуллоҳ Сангинов — раис (ИНОТ).
  2. Одинабек Абдусаломов — узв (ИНОТ).
  3. Отабек Амирбеков — узв (ИНОТ).
  4. Хайрулло Ҳайдаров — узв (Ҳукумат).
  5. Тағой Раҳмонов — узв (Ҳукумат).
  6. Абдуманон Абдуразоқов — узв (Ҳукумат).

Зеркомиссияи муҳоҷирон[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Шукурҷон Зуҳуров — раис (Ҳукумат).
  2. Бозгул Додхудоева — узв (Ҳукумат).
  3. Кароматулло Олимов — узв (Ҳукумат).
  4. Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад — узв (ИНОТ).
  5. Мансур Ҷалилзода — узв (ИНОТ).
  6. Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев — узв (ИНОТ).

Ҷаласот[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин ҷаласаи КОМ дар шаҳри Маскав баргузор шуда (7-11 июни 1997), минбаъд фаъолияташ дар шаҳри Душанбе идома ёфт (аз 15 сентябри 1998). Масъалаҳои муҳим дар ҷаласаҳои КОМ бо роҳи овоздиҳии консенсус ва иштироки ҳаддиақалли аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия ҳал карда мешуд. Иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Президент ва КОМ барои ҳамаи мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аъзои КОМ мақоми дахлнопазирӣ дошта, онҳоро барои фаъолияти то узви Комиссия интихоб шуданашон, ҳамчунин дар давоми фаъолияташон дар Комиссия дастгир кардан, ҳабс ва ба суд кашидан мамнӯъ буд.

Натоиҷи фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

  • қабули санади ҳамдигарбахшӣ (аз ҷониби Призидент имзо шудааст), ки барои озод шудани асирони ҳарбӣ аз дасти ИНМТ мусоидат намуд;
  • таҳияи Қонун «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 1999 аз сӯи порлумон пазуруфта шуд ва мутобиқ он шумори зиёде аз иштирокдорони расмии Иттиҳодияи мухолифин авф шуданд. Аз 6890 ҷангҷӯи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки соли 1999 сабти ном шуданд, 4490 савганди низомӣ ёд карданд ва 2400 ба ҳаёти осоишта баргаштанд[1], 12 нафарашон ба мансабҳои ҳукуматӣ дар асоси 30-фоизаи муайяншуда (аз 14 ҷои муқараршуда) таъйин гардиданд;
  • танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки баъдтар аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул карда шуд;
  • танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба Қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (қонун аз ҷониби Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст);
  • муҳокимаи лоиҳаи тағйироту илова ба Конститутсия;
  • ба қайд гирифтани тақрибан 6000 разманда ва зиёда аз 2000 силоҳ;
  • бозгардонидани размандагони ИНОТ аз Афғонистон ва дубора пайвастани онҳо ба сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ;
  • бозгардонидани пурраи муҳоҷирини тоҷик аз Афғонистон ва оғози пайвастани дубораи онҳо ба ҳаёти иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар.

Назорати СММ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳайати нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ҷаласаҳои КОМ ҳамчун нозир ширкат карда, барои бақайдгирӣ, бозгашт, реинтегратсияи размандагони ИНМТ ва муҳоҷирони тоҷик кумаки фаннӣ ва молӣ мерасониданд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Хурсанд Хуррамов. Комиссияи оштии миллӣ: интизорот ва натиҷа пас аз 25 сол(тоҷ.), Радиои Озодӣ (17 сентябри 2022). Проверено 7 феврали 2023.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]