Jump to content

Иффати Нассоба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иффати Нассоба

Иффати Нассоба (форсӣ: عفت نسّابه‎; 1776—1834, Шероз) — шоираи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи аслиаш Сакина-бегим фарзанди Мирзоабдуллоҳ Нассобаи Ҳасании Ҳусайнӣ. Муаллифи «Тазкираи дилкушо» ӯро соҳиби табъи равон, сарояндаи ашъори воло ва саромади бонувони сухангӯйи аҳди худ номидааст. Аз ҳамзамонони Фатҳалии Сабо, Абдулваҳҳоби Нишот ва Миҷмари Исфаҳонӣ буд ва аз ашъори онҳо илҳом мегирифт. Ҳокими Шероз Ҳусайналӣ-мирзои Фармонфармо аз донишу камоли ӯ огоҳӣ ёфта, ӯро барои таълиму тарбияти занону духтаронаш даъват кард. Иффати Нассоба Фатҳалишоҳро мадҳ кардааст. Ӯ то охири умр издивоҷ накард.

Намунае аз шеъри ӯ:

Соқии моҳрӯ яке, соғари лаълфом ду,
Аз кафу лаъли ӯ ситон бӯса якеву ҷом ду.
Ҳоли ману нигори ман, ҷисм ду асту ҷон яке,
Ҳаст фасона, ай аҷаб, шахс якеву ном ду!
Ин дилу ҷони хастаро ҳамраҳи нома кардаам,
Қосиди некпай бибар, нома яке, паём ду!
Гӯшаи чашми ӯ нигар, холи сиёҳи мушкбӯ,
Нофа ба дашти Чин яке, оҳуи хушхиром ду!
Зулфи ту баҳри мурғи дил дом фиканда аз ду сӯ,
Оҳ, ки мушкил омада, сайд якеву дом ду!
Муҳтасиб асту шайху ман, қиссаи ишқ дар миён,
Аз чӣ кунам муҷобашон, пухта якеву хом ду!