Jump to content

Ъиёри дониш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Иёри дониш)

«Ъёри дониш» (форсӣ: عیار دانش‎) — яке аз асарҳои насри бадеии форсӣ, ки ба қалами донишманд ва давлатмарди Ҳиндустон Абулфазл ибни Муборак тааллуқ дорад.

Таълифи асар 10 июли 1588 ба поён расидааст. «Ъиёри дониш» бо пайдоиши худ ба маҷмӯаи ҳикоёти «Калила ва Димна» алоқаманд буда, мувофиқи талаботи замону муҳити зиндагии муаллиф аз нав таҳрир шудааст. Асар ба забони форсӣ-тоҷикии оммафаҳм нигошта шуда, асосан аз таҳрири мухтасар ва ислоҳшудаи «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ иборат аст. Абулфазл ба таҳрири «Анвори Суҳайлӣ» бо супориши Акбар шурӯъ намудааст. Муаллиф ҳангоми таҳрири нави «Анвори Суҳайлӣ» супориш ва тавсияҳои Акбарро ба эътибор гирифта, устухонбандӣ, мавзӯъ, мазмуни ҳикоятҳои асар ва тартиби бобҳоро нигоҳ медорад ва диққаташро бештар ба тоза намудани матни китоб аз ибораҳою таъбирҳои сершумори арабӣ, истиораҳои печидаю мубҳам, рамзҳо, ишораҳои душворфаҳм, ташбеҳҳои пӯшида, луғатҳои мушкилфаҳм, кӯтоҳу кам кардани суханпардозиҳои батафсил, порчаҳои зиёди шеърӣ ва ба забони оммафаҳму фасеҳ баён намудани мазмуни асар равона месозад.

«Ъиёри дониш» аз 16 боб ва муқаддима иборат аст:

  1. «Аз гуфтори Бузургмеҳр ва ҳикоятҳо, ки ба ин китоб муносибат дорад».
  2. «Дар аҳволи Барзӯяи табиб».
  3. «Гӯш накардани сухани суханчинон».
  4. «Сазо ёфтани бадкорон».
  5. «Якдил будан бо дӯстон».
  6. «Андешидан ба кору бори душманон ва фиреби эшон».
  7. «Дар забони бехабарӣ. Ё бехудӣ ва аз даст додани мақсуд ва баршитофтан дар он».
  8. «Дар зиёни шитобзадагӣ дар корҳо».
  9. «Дурандешӣ ва ба фиреб озод шудан аз чанги душман».
  10. «Парҳез аз кинадорон ва такя накардан ба чоплусии эшон»
  11. «Бахшидани гуноҳон, ки хуштарин сифат аст».
  12. «Подоши корҳо».
  13. «Зиёни афзунталабӣ ва бозмондан аз кори худ».
  14. «Бузургии дониш, гаронборӣ ва оҳистагӣ дар корҳо».
  15. «Парҳез аз суханони бевафоён ва бадандешон».
  16. «Илтифот накардан бар гардиши рӯзгор».

Инчунин Абулфазл ду боби муқаддимавии «Калила ва Димна»-и нависандаи асри 12 Абулмаолӣ Насруллоҳро ("Боби ибтидои «Калила ва Димна» ва «Боби Барзӯяи табиб»), ки аз ривояти паҳлавии асар сарчашма мегиранд ва Хусайн Воизи Кошифӣ онҳоро партофта буд, аз нав таҳрир карда, ба «Ъиёри дониш» дохил намудааст. Бар замми ин Абулфазл барои зуд дарк кардан ва ба хотир овардани воқеаҳою ҳодисаҳои зиёди дар бобҳои «Ъиёри дониш» тасвиргардида дар охири ҳар як фасл мазмуни мухтасар ва ё хулосаи тамоми ҳикоятҳои он бобро баён кардааст. Дар қисми хотимавии ҳар боби «Ъиёри дониш» хулосаи бағоят мӯҷази он боб оварда шуда, матлаби нақл намудани ҳикоятҳои он зикр мешавад. Агарчи «Ъиёри дониш» дар заминаи таҳрири «Анвори Суҳайлӣ» ва ду боби аввали «Калила ва Димна»-и Абулмаолӣ ба вуҷуд омадааст, вале ин навъ тағйироти ба асар воридшуда онро аз маъхазҳояш фарқ кунонида, боиси пайдо шудани ривояти тоҷикии нави «Калила ва Димна» гардидаанд. «Ъиёри дониш» ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Абулфазл мавриди таваҷҷуҳи аҳли адаб ва дӯстдорони адабиёт қарор гирифта, аз тарафи хаттотони моҳир борҳо китобат шудааст ва дастнависҳояш дар радифи дилхоҳтарин асарҳои он давраи Ҳиндустон бо қалами мусаввирони чирадаст ороиш дода шудаанд. «Ъиёри дониш» монанди маъхазҳояш минбаъд мавриди таҳриру тарҷумаҳои тоза қарор гирифта, боиси ба вуҷуд омадани нусхаҳои нави асар ва боз ҳам бештар афзудани шуҳрати китоби «Калила ва Димна» гардидааст. Назар ба маълумоти маъхазҳо, «Ъиёри дониш» нахустин бор дар чоряки абтидои асри 18 аз тарафи Афзалхони Хаттак (набераи Хушҳолхон Хаттак) ба забони пашту (афғонӣ) бо унвони «Илмхона ди дониш» (таълифаш 1716) баргардонида шуда, ривояти паштуии он ба вуҷуд омадааст.

Аз «Ъиёри дониш» то рӯзгори мо нусхаҳои дастнависи зиёд маҳфуз мондаанд, ки онҳо дар давраҳои гуногун дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон китобат шуда, ҳоло дар китобхонаҳои Мюнхен, Вена, Бомбай, музейи Британияи Кабир, Берлин, Порис, Ҷамъияти Осиёии Бангола нигоҳдорӣ мешаванд. Ду нусха дастнависи «Ъиёри дониш» дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи акад. А. Мирзоеви Маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақамҳои 1325 ва 1810 маҳфуз буда, китобати онҳо ба солҳои 1592 ва 1734 рост меояд. Як дастнависи «Ъиёри дониш» дар Захираи дастнависҳои шарқии АУ Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 2881 маҳфуз аст, ки санаи китобати ин нусха 26 апрели 1840 мебошад. Нусхаи дигари «Ъиёри дониш» ба китобхонаи шахсии сокини деҳаи Сучони н. Шуғнон Гулназар Раҳмонқулов муталлиқ буда, соли 1850 китобат шудааст. Дар солҳои 1752-53 дар Ҳиндустон аз рӯи «Ъиёри дониш» ба забони тоҷикӣ бо номи «Нигори дониш» китоби хонише барои кӯдакон ва донишомӯзон тартиб дода шудааст (Лакҳнав, 1902). Дар ибтидои асри 19 Мавлавӣ Ҳафизуддин барои истифода дар коллеҷи Форт Уилям «Ъиёри дониш»-ро ба забони урду бо унвони «Хирадафрӯз» тарҷума кардааст. Ин тарҷума борҳо дар Ҳиндустон ба табъ расидааст. «Ъиёри дониш» ба забони англисӣ низ тарҷума шудааст. Матни аслии «Ъиёри дониш»-и Абулфазл дар солҳои 1879 ва 1894 дар Ҳиндустон дар матбаи муншии Навилкишур чоп шуд. Нусхаҳои дастнависи он дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон маҳфуз аст.