Кабкбирён
Зоҳир
Кабкбирён
Кабкбирён навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: гӯшти кабки паркандаро намак зада, аз болои тӯшаш чарбу мепечонанд. Сипас, ба тобаи чуқур ё деги равғани зардаш тафсон меандозанд ва то сурхшавӣ бирён мекунанд. Баъд онро бо тахтапушташ ба тафдон мегузоранд ва ҳар замон ба рӯяш шираи аз гӯшти бирён ҷудошударо мерезанд. Кабкбирён, одатан пас аз 35-45 дақиқа тайёр мешавад. Онро ба қисмҳо ҷудо карда ба табақ мегузоранд, равғани обшуда ва гӯштоберо, ки дар он кабк бирён шуда буд, ба болояш мерезанд ва бо барги ҷаъфарӣ оро медиҳанд. Гӯшти кабкро барои кабобу оши палав низ истифода мебаранд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
- Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таббохӣ. 13 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |