Jump to content

Кавсар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кавсар (ар. الكوثر‎ — «фаровонӣ») — дар фарҷомшиносии исломӣ, яке аз дарёҳои биҳишт, ки ба паёмбар Муҳаммад (с) дода шудааст. Дар Қуръони карим дар сураи Кавсар омадааст: «Мо ба ту фаровонӣ додем (дарёи биҳишт, ки онро «Кавсар» номида мешавад)».

Ҷойгиршавӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи ривоят, дар вақти ба осмон баромадани Паёмбар (с) Кавсар ба ӯ нишон дода шудааст [1]. Дар рӯзи қиёмат (ҳашр) ҳама паёмбарон ҳавзҳои худро доранд, ки дар миёни онҳо ҳавзи паёмбар Муҳаммад (с) фарқ мекунад. Дар назди дарёҳои биҳиштӣ касоне, ки пайрави паёмбарон буданд, ҷамъ мешаванд, то бори охир пеш аз ворид шудан ба биҳишт ташнагии худро бишкананд. Гуноҳкорон ва кофироне, ки аз паёмбарон рӯй гардонданд наметавонанд ба обанборҳо наздик шаванд, зеро фариштагон онҳоро аз он ҷо дур мекунанд.

Муфассирони Қуръон дар шарҳи ояти Қуръон маъмулан менависанд, ки оби Кавсар аз барф сафедтар ва аз асал болаззаттар аст ва тибқи таъбирҳои баъдӣ, ин рӯдхона аз миёни соҳилҳои тиллоӣ дар қад-қади ёқуту марворид ҷорист.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ализаде А. А. Каусар // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
  • Каусар / Пиотровский, М. Б. // Мифы народов мира : Энцикл. в 2 т. / гл. ред. С. А. Токарев. — 2-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1987. — Т. 1 : А—К. — С. 628.
  • Пиотровский М. Б. аль-Джанна // Ислам: энциклопедический словарь / Отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, ГРВЛ, 1991. — С. 59. — 315 с. — 50 000 экз. — ISBN 5-02-016941-2.
  • "Encyclopaedia of Islam (12 vols.)" (2nd ed.). Leiden: E. J. Brill. 1960–2005. https://referenceworks.brillonline.com/search?s.q=&s.f.s2_parent=s.f.book.encyclopaedia-of-islam-2&search-go=Search.