Исро ва меъроҷ
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Исро ва Меъроҷ ( ар. إسراء ومعراج — сафари шабона ва боло рафтан) — сафари шабонаи Муҳаммад (с) аз масҷиди Ҳаром ба масҷиди Ақсо ва баромадани ӯ ба осмон.
Исро
[вироиш | вироиши манбаъ]Исро (ар. اسراء ) дар луғат ба маънои ба шаб бурдан ва шабона сайр додан ва дар фарҳанги динӣ сафари шабонае, ки Худованд дар он Паёмбари акрам (с)-ро аз Масҷидулҳаром дар Макка ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас бурд, то аз оёти Худ ба ӯ нишон диҳад ва заминае барои меъроҷи он Ҳазрат (с) ба осмонҳо бошад.
Ба фармудаи Қуръон, Худои таъоло шабе паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммад (с)-ро аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо овард ва ин ҳодиса дар таърихи ислом ба номи исро маъруф аст: «Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабона аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо бурд…» [1]. Пас исрои Паёмбар (с) бо Қуръон собит шудааст.
Ҳодисаи исро ва меъроҷ ҳарду дар як шаб ва пас аз бозгашти он Ҳазрат (с) аз Тоиф воқеъ шудаанд, вале миёни муаррихони исломӣ дар таъйини таърихи дақиқи вуқӯи он ихтилофи назар ва назди онҳо се қавли ба воқеият наздиктар вуҷуд дорад. Аввал он ки ҳодисаи исро ва меъроҷ 16 моҳ пеш аз ҳиҷрат дар моҳи рамазони соли 12-уми рисолат, дуюм он ки 1 солу 2 моҳ пеш аз ҳиҷрат дар моҳи муҳаррами соли 12-уми рисолат ва сеюм он ки 1 сол пеш аз ҳиҷрат дар моҳи рабеулаввали соли 13-уми рисолат воқеъ шудааст. Соҳиби китоби «ар-Раҳиқу-л-махтум» Сафиюрраҳмон Муборакпурӣ пас аз зикри ин се қавл вуқӯи ҳодисаи исроро дар соли 12-уми рисолат ва каме пештар аз байъати якуми Ақаба, ки ба соли 12-уми рисолат, мувофиқ ба моҳи июли соли 621 м. иттифоқ афтода ва ё дар фосилаи миёни байъати якум ва дуюми Ақаба, ки моҳи июни соли 622 м. сурат гирифта, тарчеҳ додааст.
Меъроҷи Паёмбар (с)
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳодисаи меъроҷ – ба осмон рафтани Паёмбар (с) дар ҳамон шаби исро бо ҳадисҳои саҳеҳ собит шудааст. Пеш аз ҳиҷрат Худои таъоло Паёмбари акрам (с)-ро ба ин сафари осмонӣ ва меъроҷи нуронӣ мушарраф гардонд, ки ҳеч касе аз паёмбарони пешин ба чунин манзалати олӣ ва мақоми бандагӣ дар боргоҳи Худованд сарфароз нагаштаанд. Ба ақидаи ҷумҳури аҳли Суннат меъроҷи Паёмбар (с) бо ҷисму рӯҳ ва дар бедорӣ сурат гирифтааст.
Касе меъроҷи паёмбар (с)-ро, ки бо ривоятҳои саҳеҳи суннат собит шудааст, инкор намояд, бидъаткор ва гумроҳ мебошад, вале касе ҳодисаи исроро, ки бо Китоб собит шудааст, инкор намояд, кофир мегардад.
Бар пояи омӯзаҳои исломӣ Паёмбари акрам (с) шабе ҳамроҳи Ҷабраил (а) савори маркабе ҳавогард ва тезсайр бо номи Буроқ ба сайри осмонҳо ва малакути Аъло баромад. Вай нахуст аз Масҷидулҳаром дар Макка ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас бурда шуд ва назди яке аз дарҳои ҳаёти масҷид – ҷое ки баъдан дар он Масҷиди Буроқ бино гардид, лаҷоми Буроқро ба ҳалқае баст ва бо ҷамъи паёмбарони пешин ду ракъат намоз гузорид. Пас аз таваққуфи кӯтоҳе аз он ҷо ба сӯи осмонҳо бурда шуд ва дар ҳар осмоне бо тане аз паёмбарон дидор намуд, он гоҳ аз доираи ҳафт осмон боло ва ба назди Сидратулмунтаҳо расид, он ҷо ки Сидраро он чи Худо ба он доност, пӯшонида буд ва Ҷаннатулмаъво – яке аз манозили биҳиштӣ низ дар канори он воқеъ буда. Дар он мақом аз оёт ва нишонаҳои бузурги Парвардгораш дид [2] ва Худо ба бандааш ҳар чӣ мехост, ваҳй намуд, он гоҳ ӯро ба тамошои биҳишт ва манозилу неъматҳои аҳли он ва ба мушоҳадаи дӯзах ва аҳволу аҳволи аҳли он фиристод.
Паёмбари акрам (с) пас аз анҷоми ин сафари осмонӣ боз ба Масҷидулақсо фуруд оварда ва аз он ҷо худи ҳамон шаб ба Макка бурда шуд. Вай дар роҳ корвони тиҷорие аз Қурайшро дид, ки ба сӯи Макка дар роҳ буд ва субҳи он шаб хабари меъроҷро ба мардуми Макка эълон намуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдушарифи Боқизода, Рисолаҳои имом Абӯҳанифа (рҳ) дар бораи арзишҳои эътиқодии ислом маъруф ба Шарҳи Фиқҳи акбар, Душанбе — 2017