Кайк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кайк
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Siphonaptera Latreille, 1825
Оила

Кайк (лот. Siphonapteraюн.-қад. σίφων — насос, ἄπτερον — беболҳо. Синонимҳо лот. Suctoria, лот. Aphaniptera) — ҳашароти беболи майдаи хунмак, ки дар ҷисми ширхӯрон, паррандаҳо ва одам зиндагӣ мекунад.

Тавсифоти биологӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Кайк хуни ҳайвоноти гуногун (гурба, калламушҳо, суғур, саг ва ғайра)-ро макида, баъзан ангезандаи як қатор бемориҳои хавфнок (тоун, ҳасба ва ғайра)-ро дар байни одамон паҳн менамояд. Оби даҳони кайк таъсири озурдасозӣ дорад. Кайк дар пашми ҳайвонот ва пару боли паррандагон тез ҳаракат карда, ҷуфти пои қафояш барои ҷаҳидан хидмат мекунад. Ранги кайк зардча ё ҷигарӣ аст. Кайки нарина аз модинааш хурд мебошад.

Ҳаёти кайкҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъзе намудҳои кайк фақат дар бадани ҳайвоноти муайян зиндагонӣ мекунанд, намудҳои дигар бошанд, дар ҷонварони гуногун паразитӣ карда, аз як ҳайвон ба ҳайвони дигар мегузаранд. Зиёда аз 1000 намуди кайк маълум аст. Кайки одам (Purlex irritans), кайки саг (Ctenocephalides canis), кайки калламуш (Xenopsulla cheopis), кайки юрмон (Ceratophyllus tesquorum), кайки муш (Leptopsulla musculi) барои одаму ҳайвонот хавфнок ва паҳнкунандаи бемориҳои вазнин мебошанд. кайк дар манзили одамон, дар хок, пору, тарқиши фарш, тагандози ҳайвонот ва ғайра афзоиш меёбад. Як кайки модина дар тӯли ҳаёт то 400 дона тухм мегузорад. Аз тухм баъди 4 – 12 шабонарӯз кирминаҳо мебароянд, ки рангашон сафед буда, по надоранд. Кирминаҳо дар муддати 8 – 100 шаборӯз ба зоча, сипас пилла ва ба кайк (дар давоми 6 – 220 шаборӯз) табдил меёбанд. Баъзе намудҳои кайк то 1000 рӯз умр мебинанд. кайк метавонад муддати зиёд (зиёда аз як сол) бе ғизо зиндагӣ кунад.

Тадбирҳои мубориза бо кайк[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои мубориза бо кайк қабл аз ҳама ба афзоиши он монеъ шудан лозим аст. Барои ин доимо тоза нигоҳ доштани манзил аҳамияти калон дорад. Барои нобуд кардани кайки ҳайвоноти хонагӣ онҳоро мунтазам ба зоошампун ё пиретрум (ба 1кг вазни ҳайвонот 1 – 2 г) мешӯянд. Кайки хонаро ба хокаи пиретрум (ба 1м2 5 – 25 г), хлорофос, карбофос ва диг. инсектисидҳо маҳв мегардонанд (ниг. Дезинсексия). Барои гурезонидани кайк ба кунҷҳои хона явшон мегузоранд ё хонаро бо ҷорӯби явшон мерӯбанд. Барои муҳофизати шахсӣ репеллентҳоро истифода мебаранд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҷилди 1), Душанбе—1989