Паранда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Паранда
Краснохохлый туракоБелоплечий орланСизый голубьШлемоносный казуарСубантарктический пингвинActinodura strigulaКитоглавВосточный венценосный журавльКалипта АнныTrichoglossus moluccanusСерая цапляФилинБелохвостый фаэтонОбыкновенный павлинТупикКрасный фламингоГолубоногая олушаРадужный туканBird Diversity 2013.png
Дар бораи ин акс
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Aves Linnaeus, 1758
Инфраклассы

Парандаҳо (лот. Aves) — яке аз машҳуртарини синфи олами ҳайвонот мебошанд.

Ягона мавҷудоти зинда дар табиат мебошанд, ки организми онҳо дар вақти нафаскаши гази оксигенро ду маротиба қабул мекунад. Яъне, вақте ки онҳо нафас мекашанд, шуши онҳо аз гази оксиген пур мешавад ва қисми зиёдатии ҳаво ба халтаҳои шуш, ки дар қисми оқиби шуш ҷойгиранд, меравад ва ҳангоме ки онҳо нафасро мебароранд, гази оксигене, ки дар ҳалтаҳои шуш буд, ба шуш мегузарад, барои ҳамин организми онҳо гази оксигенро ду маротиба қабул мекунад. Танаи парандаҳоро пар пӯшонида аст. Парҳо дар ҳаёти парандаҳо аҳамияти калон дорад. Мисол: аввалинаш ҳамин аст, ки парандаро аз таршавӣ нигоҳ медорад, дувум аз ҳамагуна таъсироти беруна муҳофизат мекунад ва савум парандаро дар фасли зимистон аз хунуки муҳофизат мекунад. Парандагон ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: парандаҳои ҷангал, парандаҳои дашт ва биёбон, парандаҳои фазои кушод, парандаҳои ботлоқ ва обанборҳо, парандаҳои даррандаи шабона ва парандаҳои даррандаи рӯзона. Мисол: ба гурӯҳи даррандаи шабона ҷуғз ва бумҳо мансубанд. Ин парандаҳо сайдашонро дар шаб шикор мекунанд. Сохти нӯли парандаҳо ба муҳити зист ва тарзи хӯрок хурданашон вобаста аст. Нӯли парандаҳои даррандаи шабона қат буда, чанголҳо ва чашмони тез доранд. Узви босира ва сомеа дар ин парандаҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст. Барои он ки онҳо дар шаб ба осони туъмаи худро бинанд ва сайд кунанд. Болу пари ин парандаҳо нарм аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]