Боҳтур
БОҲТУР, б а ҳ т ӯ р (лот. Ophisaurus apodus), як навъ калтакалоси бепой. Танаашмисли танаи мор буда, то 1,5 м дарозӣ дорад; рангаш сиёҳи сурхча (холҳои зарди ба сабз моил ё сурхтоб дорад). Кариб дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон вомехӯрад. Боҳтур дар сохили дарё, ҳамвории доманакӯҳҳои сералафу буттазор, ҷангалҳои сирак ва боғу саҳро, ангурзор, пахтазор, шолипоязор ва ғайраҳо дида мешавад. Хуб шино мекунад. Дар лонаи хояндахо, байнн решай дарахтон ва буттаҳои анбух панох меоарад. Баҳорон баъди аз хоби зимистона хестан беш¬тар дар офтобруяхо мегардад. Тобистон факат пагохии барвақт ва баъди ғуруби офтоб аз лонааш мебарояд. Боҳтур. июн — июл 8—10 тухм мегузорад. Охирҳои август боҳтурчаҳо (дарозиашон цариб 10 см) аз тухм баромада, ҳаёти мустақилона мегузаронанд. Ранги бохтурчахо зарди хокистаранг буда, 16—22 рахй кундаланг доранд. Боҳтур асосан муш, туқумшуллуқ мор, нармбаданон ва ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлокро мехӯрад. Бахорон, баъди боронҳо лесакхоро хӯрда, ба хоҷагии қишлоқ фоида мерасонад. Боҳтур қариб хеҷ гоҳ намегазад; дар шароити сунъӣ нағз зиндагӣ карда, ба одам ром мешавад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Желтопузик Бойгонӣ шудааст 28 августи 2006 сол. Ophisaurus apodus