Jump to content

Сусмор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сусмор
Varanus ornatus
Varanus ornatus
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Varanus Merrem, 1820
Мутародифот
  • Iberovaranus Hoffstetter, 1969[1]
  • Megalania Owen, 1859[1]
  • Notiosaurus Owen, 1884[1]
Номенклатурный тип
Varanus varius (Shaw, 1790)
Подроды
  • Varanus (Varanus)
  • Varanus (Odatria)
  • Varanus (Soterosaurus)
  • Varanus (Philippinosaurus)
  • Varanus (Papusaurus)
  • Varanus (Euprepiosaurus)
  • Varanus (Empagusia)
  • Varanus (Polydaedalus)
  • Varanus (Psammosaurus)
Ареал
тасвир

Сусмор (лот. Varanus)— ҷонвари хазандаи баданаш дарозрӯяи думдароз аз ҷинси калтакалос аз оилаи хазандагон.

Танашон дарози пулакчадор буда, пойхояшон хело инкишоф ёфтаанд ва думашон дароз аст. Сарашон босипарчаҳо пӯшида шудааст. Дар хушкӣ чолокона медаванд. Сусмор ҷонвари дарранда буда, калтакалос, мор, ширхӯрҳои майда, чӯҷаи паррандаҳо, ҳашаротро мехӯрад. Сусмори хокистарранг (varanusgriseus) дар Африқои Шимолӣ, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, инчунин дар ИҶШС (Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва қисман ҷануби Қазоқистон) зиндагӣ мекунад.

Сусмор дар регзори дашту биёбон (назди теппаву хомаҳо), ки буттаи қандим ва шутурхор мерӯяд, бештар вомехӯрад. Дар туғайзор бошад, миёни буттаҳои газ ва турагағай, соҳили кӯл, инчуннин дар нишебию ҷариҷойҳо ва селроҳаҳо зиндагӣ мекунад. Сусмор дар замини серрегу гилхок хона месозад. Дарозиаш то 1,5. м, ранги тахтапушташ гулобитоб аст. Тахтапушт ва думаш рахҳои (васеи сиёҳтоби кӯндаланг дорад. Дар 3-солагӣ болиғ мешавад. Сусмори мода 10—12 дона тухм гузошта, ба зери рег мегӯронад.