Рудолф Камелин
Камелин Рудольф Владимирович | |
Таърихи таваллуд | 12 август 1938 |
Зодгоҳ | Перм, Русия |
Таърихи даргузашт | 1 апрел 2016[1][2] (77 сол) |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | plant taxonomy[d], Географияи рустаниҳо ва floristics[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология[d][3] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Andrey A. Fedorov[d] ва Anatoliy Nikolaevitsj Ponomarjov[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Рудолф Владимирович Камелин — доктори илмҳои биологӣ (1975), профессор, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1987). Узви вобастаи Академияи илмҳои Русия (1990). Ходими шоистаи илми Русия. Президенти ҷамъияти ботаникони Русия (аз соли 1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рудолф Владимирович Камелин Донишгоҳи давлатии ба номи А.М.Горкийи Пермро хатм кардааст, ихтисос – «биология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърихи ташаккули флора, таснифи типҳои рустаниҳо, ҳифзи намудҳои нодири рустаниҳо. Солҳои 1961-1965 ходими илмии стансияи кӯҳии ботаникии Варзоб Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва аспиранти Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Русия (1965-1968). Ходими хурд ва калони илмӣ (1968-1980), муовини директор (1980-1984), мудири озмоишгоҳи рустаниҳои минтақаи аридӣ (1984-2000), мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи Санкт -Петербург (1992-2002), мудири шуъбаи Гербарияи рустаниҳои рагдори Институти ботаникаи ба номи В.Л.Комарови Академияи илмҳои Русия (2000 - то имрӯз).Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, роҳбар ва муҳарири донишномаи 10 ҷилдаи «Определитель флоры Средней Азии». Бо ҷоизаву мукофотҳои гуногуни ФР қадрҳиносӣ шудааст.[4][5]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.asu.ru/news/19247/
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Сытин А. К. Над радугой… Рудольф Владимирович Камелин (1938–2016), Over The Rainbow… Rudol’f Vladimirovich Kamelin (1938–2016) (рус.) // Историко-биологические исследования — 2017. — Т. 9, вып. 3. — С. 121—129. — ISSN 2076-8176; 2500-1221
- ↑ Иконников С. С. Вклад петербургских и ленинградских ботаников и географов в изучение природы Памира, A Contribution by Botanists and Geographers of Petersburg-Leningrad to the Study of the Pamir’s Nature (рус.) // Историко-биологические исследования — 2013. — Т. 5, вып. 2. — С. 28—43. — ISSN 2076-8176; 2500-1221
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
- ↑ Юбилеи и даты: Рудольф Владимирович Камелин (К 70-летию со дня рождения) // Растительность России. — 2008. — В. 13. — С. 136-137.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 12 август
- Зодагони соли 1938
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Русия
- Даргузаштагони 1 апрел
- Даргузаштагони соли 2016
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Биологони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо