Jump to content

Камолиддин Бойматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолиддин Бойматов
Бойматов Камолиддин Ҳамроевич
Таърихи таваллуд 24 июн 1950(1950-06-24)
Таърихи даргузашт 4 феврал 2006(2006-02-04) (55 сол)

Камолиддин Бойматов (Бойматов Камолиддин Ҳамроевич; 24 июни 1950, деҳаи Домбра, ноҳияи Восеъ — 4 феврали 2006, Душанбе) — риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика (1982), профессор (1991), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1993), акадекмики АИ Тоҷикистон (2001).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи механикаву математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1971), солҳои 1971-74 аспиранти ҳамин донишгоҳ буд. Соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1982 рисолаи докториро дар мавзӯи «Асимптотикаҳои спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва теоремаҳои ҷудокунӣ» ҳимоя намуд. Аз соли 1974 то охири ҳаёт дар Институти математикаи АИ Тоҷикистон кор кардааст (солҳои 1981-86 муовини директор; 1986—2006 мудири шуъба).

Таҳқиқоти илмии Камолиддин Бойматов ба назарияи спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва псевдодифференсиалӣ, назарияи масъалаҳои вариатсионӣ барои муодилаҳои таназзулёбандаи эллиптикӣ, назарияи масъалаҳои канорӣ барои низоми таркибии муодилаҳои дифференсиалӣ, назарияи масъалаи Коши барои низоми муодилаҳои параболавӣ ва ба назарияи ҷудошавии операторҳои дифференсиалӣ бахшида шудаанд. Тарзи нави сохтани функсияи Грини муодилаҳои таназзулёбандаи параболавиро пешниҳод намуда, ба воситаи он формулаҳои асимптотикӣ барои функсияҳои тақсимшавии спектри синфи васеи операторҳои дифференсиалӣ ва псевдодифференсиалиро ҳосил намуд. Усули ба истилоҳ «ошӯби операторҳои дифференсиалӣ бо потенсиалҳои сингулярӣ»-ро кор карда, ба воситаи он масъалаи спектралии навъи Гасимов-Костюченкоро барои синфҳои гуногуни операторҳои дифференсиалӣ ҳал намуд. Коршоямии усули тауберии таҳқиқи асимптотикаи спектралии операторҳои дифференсиалиро дар ҳолати зарибҳои ғайрисуфта исбот намуд. Камолиддин Бойматов муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ мебошад, ки қисми зиёди онҳо ба забони англисӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Таҳти роҳбарии Камолиддин Бойматов 14 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

  • Барандаи Ҷоизаи комсомолии ленинии Тоҷикистон (1976).[1]
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с
  • Бойматов Камолиддин Ҳамроевич / С. Исҳоқов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.