Камолуддини Бухороӣ
Зодгоҳ | Бухоро |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1548 |
Пеша(ҳо) | навозанда, сароянда |
Камолуддини Бухороӣ (форсӣ: کمالالدین بخارایی; Мавлоно Камолуддини Хонанда; ?, Бухоро — 1548, Бухоро) — мусиқидон, хонанда, навозанда, оҳангсоз ва мусаннифи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мусиқӣ, шеър, хаттотӣ, ҷадвалкашӣ ва ҳалкориро аз падараш омӯхтааст. Сипас дар назди Наҷмиддин Кавкабии Бухороӣ (1468—1532) донишу ҳунарашро такмил дод. Бо савту мақомҳои «Бузург», «Рост», «Наво», «Ҳусайнӣ» дар шаклу анвои шеъриву мусиқии «қавл», «тарона», «амал», «кор», «савт», «нақш» бар ашъори Кавкабӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва дигарон назираҳои мусиқии «Амали хубрӯён», «Савти дилхироҷ», «Нақши ситораи нур», «Кор ба Рост» ва «Куллиёти Рост» (дар тазмини «Куллиёт»-и Кавкабии Бухороӣ)-ро эҷод карда, дар ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Бухоро, Марв, Самарқанд, Миёнколот шуҳрат ёфта буд. Ғазалу рубоӣ ва маснавиро неку мегуфт. Муддате дар хидмати Абдуллохони Шайбонӣ (1530-40) буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Камолуддини Бухороӣ / А. Раҷабов // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 93-94. — ISBN 978-99947-49-13-3.