Jump to content

Камолуддин Абулхайр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолуддин Абулхайр

Камолуддин Абулхайр (форсӣ: کمال‌الدین ابوالخیر‎; ?, Балх — 1560, Балх) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Балх. Дар мадрасаҳои Балх ва Ҳироту Бухоро таҳсили илм кардааст. Дар шеър «Ошиқ» тахаллус доштааст. Дар тазкираҳо аз ашъораш (ғазалҳо, рубоиёт) намунаҳо оварда шудаанд. Дар пайравии «Шоҳ ва Дарвеш»-и Бадруддини Ҳилолӣ маснавие эҷод карда будааст. Дар рубоиёташ оҳангҳои озодандешӣ ба назар мерасанд.

Камолуддин Абулхайр хатти настаълиқро хуб менавиштааст.

Намунае аз эҷодиёти ӯ:

Эй сабза ба гирди суманат ғолияомез
В-аз ғолияат оташи савдозадаҳо тез.
Гуфтам, ки бибандам зи рухаш дида ба ноком,
Бо дил чӣ кунам дар хами он зулфи диловез
Фарҳод ба дил кӯҳи ғам аз хотири Ширин,
Осуда аз ин бори гарон хотири Парвез.
Бар талхии ҷон кандани аҳбоб далелест,
Ин хандаи ширини ту з-он лаъли шакаррез.
Гуфтӣ, зи бутон кист балои дили ошиқ?
Он руста ба гирди суманаш сабзаи навхез.