Jump to content

Камол Нуралиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камол Нуралиев
Камол Нуралиев
Таърихи таваллуд 1946(1946)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 22 июн 2017(2017-06-22)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Данғара Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Алма-матер Институти политехникии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002)

Камол Нуралиев — меъмор, муҳандис, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ дар бахши “хоҷагии об ва гидротехника” (2015),[1] Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Камол Нуралиев Институти политехникии Тоҷикистон-ро соли 1969 бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ хатм намуд. Баъди таҳсил ва анҷоми хидмати ҳарбӣ зиёда аз 45 сол дар вазифаҳои гуногун — ассистенти кафедраи оҳану бетони Институти политехникии Тоҷикистон, устои сохтмон, меъмор, сармуҳандис, сардори идораи сохтмонӣ, сардори трести «Данғараводстрой», муовини якуми вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ фаъолият намуд. Саҳми ӯ дар сохтмонҳои Нақби ирригатсионии Данғара, шаҳраки Себистон, ободонии хоҷагиҳо, наҳри обгузари ВД — 2 ва ВД — 3, аз худ кардани заминҳои нав ва дигар иншооти муҳим калон аст. Камол Нуралиев солҳои 2006-2009 дар мақоми муовини аввали вазири хоҷагии об ва обёрии Тоҷикистон ва қабл аз он ҳамчун муовини вазири об кор кардааст. Дар моҳи январи соли 2009 Камол Нуралиев ба нафақа баромад ва ба гуфтаи наздиконаш, асосан ба корҳои илмӣ машғул буд. Нуралиев рӯзи 22 июни соли 2017 дар як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди деҳаи Сайёди ноҳияи Данғара ба ҳалокат расид.[2]

  1. Камол Нуралиев, қудои Эмомалӣ Раҳмон академик шуд(тоҷ.). www.www.ozodi.. www.ozodi.. 24 июли 2021 санҷида шуд.
  2. Камол Нуралиев дар Данғара ба хок супурда шуд. ВИДЕО, АКС(тоҷ.). www.ozodi.. www.ozodi.. 24 июли 2021 санҷида шуд.