Канали магистралии Вахш
Канали магистралии Вахш, канали сунъиест дар системаи обёрии водии Вахш. Аз дарёи Вахш об мегирад. Тӯлаш 28,7 км, бараш ба ҳисоби миёна 36 м, чуқуриаш 4,5 м. Сарфи об дар саргаҳи канал зиёда аз 210 м3/сон. Канали магистралии Вахш 13 сентябр 1933 ба истифода дода шудааст. Дар сохтмони канал бисьёр коргарон, муҳандисон ва мутахассисони шаҳрҳои Москва, Ленинград, Тошканд ва ғайраҳо иштирок кардаанд. Баробари сохтмони НОБ-ҳои Шаршара (1958), Сарбанд (1963) ва Маркази дарозии Канали магистралии Вахш нисбат ба аввала хеле афзуд.
Иншооти гидротехникии канал
[вироиш | вироиши манбаъ]Канал якчанд иншооти гидротехникӣ дорад. Шохаҳои Канали магистралии Вахш аз каналҳои Ҷӯйбор (дарозиаш 25,6 км, сарфи об дар саргаҳаш 52 м3/сон), Октябрь (дарозӣ 2,6 км, сарфи об 21 м3/сон), Гулистон (37,5 км, сарфи об 37 м3/сон), Қумсангир (61,2 км, сарфи об дар саргахаш 51 м3/сон), Ҷиликулкофир бо поёнобаш канали Ҷиликул (35,2 км, сарфи об 36 м3/сон) иборатанд. Ба воситаи канал 90 ҳаз. га замии, аз ҷумла 55 ҳаз. га пахтазорони ноҳияҳои Қурғонтеппа, Вахш, Колхозобод ва Қумсангир обёрӣ мешавад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.